
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ аз Ҷамоати шаҳраки Зарафшон боздиди корӣ ба амал овард. Ҳадафи асосии боздид шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ, беҳсозии муҳити зист, инчунин арзёбии сатҳи иҷрои корҳои таъмиру таҷдид дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ арзёбӣ гардид.
Зимни боздид Раиси ноҳия аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дидан намуда, ба масъалаҳои вобаста ба намуди зоҳирии бино, интихоби рангу бор ва мутобиқати он ба муҳити атроф таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Қайд гардид, ки интихоби дурусти ранг ва масолеҳи сохтмонӣ дар зебогардонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон нақши муҳим дорад. Бо ҷалби мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмон, масъалаҳои марбут ба истифодаи рангҳои муосир, устувор ба иқлим ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ баррасӣ шуданд.
Мутахассисон пешниҳод намуданд, ки ҳангоми рангу бор кардани биноҳо аз рангҳои мулоим ва ҳамоҳанг бо муҳити табиӣ истифода бурда шавад, то ки симои умумии шаҳрак зебо ва ҷолиб гардад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки истифодаи масолеҳи босифат ва дарозумр на танҳо ба намуди зоҳирӣ, балки ба устувории биноҳо низ мусоидат мекунад. Раиси ноҳия ба масъулон дастур дод, ки ҳангоми анҷоми корҳои таъмирӣ меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи эстетикиро пурра риоя намоянд.
Дар идомаи боздид, Раиси ноҳия аз рафти таъмири Муассисаи таълимии томактабии шаҳраки Зарафшон-2 низ дидан намуд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва банақшагирифташуда, бо мутахассисон ва сармеъмори ноҳия мубодилаи афкор сурат гирифт. Масъалаҳои марбут ба сифати корҳои таъмирӣ, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва истифодаи дурусти фазои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия инчунин бо мураббияҳо ва тарбиятгирандагони муассиса мулоқот анҷом дода, ба сатҳи дониш ва омодагии кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ҷараёни суҳбат бо кӯдакон маълум гардид, ки дар муассиса барои рушди зеҳнӣ ва ахлоқии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба мураббияҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва истифодаи усулҳои муосири омӯзиш тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷом Раиси ноҳия таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ ва созандагӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро гардида, барои сокинон ва насли наврас муҳити зисти солиму зебо фароҳам оварда шавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





Смотреть статистику
65
4










