
Бо камоли ифтихор ва шукргузорӣ аз суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарии кишвар, кулли сокинони шарафманди ноҳия ва тамоми мардуми ватандӯсти Тоҷикистонро ба муносибати “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” яке аз муҳимтарин санаҳои таърихиву тақдирсоз дар ҳаёти халқи тоҷик, самимона табрик мегӯям. Рӯзи 27-уми июн барои мардуми Тоҷикистон рӯзи саодати миллӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ба шумор меравад. Ин сана ҳамчун рамзи сулҳ, субот ва иттиҳоди миллии мардуми шарифи тоҷик дар таърих сабт шудааст. Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати тоҷик тавонист бар душвориҳои бузурги таърихӣ пирӯз ояд, низои шаҳрвандиро пушти сар гузошта, ба сӯи фардои дурахшон бо як дили гарму иттиҳоди воқеӣ қадам гузорад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо заҳмати софдилонаи фарзандонаш дар ҳамаи самтҳо рушд мекунад. Мо, сокинони ноҳия, ифтихор дорем, ки дар барқарориву рушди Ватан саҳми худро мегузорем. Иҷрои лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, бунёди роҳу пулҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум — ҳама самараи ваҳдат ва суботи сиёсӣ мебошанд.
Ваҳдат беҳтарин ганҷи миллат аст. Мо вазифадорем, ки ин неъмати бузургро пос дорем, барои таҳкими он саъй кунем ва наслҳои ояндаро дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоем.
Рӯзи 27-уми июн барои мардуми Тоҷикистон рӯзи саодати миллӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ба шумор меравад. Ин сана ҳамчун рамзи сулҳ, субот ва иттиҳоди миллии мардуми шарифи тоҷик дар таърих сабт шудааст. Чуноне ки ҳама медонем, солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати мо як давраи ниҳоят ҳассосу вазнин буд.
Низоъҳои дохилӣ, бесуботии сиёсиву иҷтимоӣ ва харобшавии иқтисод ба кишвар зарари бузург расонд. Ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳро ба коми марг бурд, садҳо деҳа хароб ва даҳҳо ҳазор нафар бе сарпаноҳ шуданд. Тоҷикистони навистиқлол дар ҳолати фурӯпошии давлатдорӣ қарор дошт. Дар чунин вазъи ҳассос дар арсаи сиёсии кишвар шахсияте ба майдон омад, ки тавонист миллатро аз вартаи ҳалокат раҳо бахшад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо далерӣ, иродаи қавӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан Пешвои миллат дар тамоми манотиқи кишвар бо мардум мулоқот ороста, оромиро барқарор намуданд ва даст ба амалиёти сулҳофарин заданд. Дар натиҷаи заҳматҳои пайваста ва музокироти тулонӣ санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин созишнома, ки ба воситаи он оташи ҷанг хомӯш ва раванди барқарорсозии кишвар оғоз ёфт, ҳамчун санади тақдирсоз дар таърихи тоҷикон сабт гардид. Маҳз аз ҳамин рӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди осоишта ворид гашт. Дар давоми солҳои баъд аз ба даст овардани сулҳ, бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ин пешрафтҳо дар ҳамаи соҳаҳо – аз иқтисодиёт то маориф, тандурустӣ ва фарҳанг – мушоҳида мешаванд. Лоиҳаҳои бузурги миллии энергетикӣ, нақлиётӣ ва саноатӣ амалӣ гардида, зиндагии мардум сол то сол беҳтар мешавад.Дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, ноҳияи мо низ дар баробари дигар гӯшаву канори кишвар рушду тараққӣ ёфта истодааст.
Дар чанд соли охир дар ноҳия даҳҳо иншооти маорифу тандурустӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Шумораи хонандагону донишҷӯён, донишандӯзӣ ва фаъолнокии ҷавонон рӯ ба афзоиш аст.
Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо рукни асосии давлатдории мо, балки кафили бақои миллат ва омили таҳкими ҳувияти миллист. Ҷавонон бояд сабақҳои сулҳ ва аҳамияти ваҳдатро биомӯзанд. Ваҳдати миллӣ бояд дар зеҳну шуури насли нав чун арзиши муқаддас ҷой дошта бошад ва ҳамчун нури раҳнамо роҳи онҳоро равшан созад.
Мо, шаҳрвандони Ватан, бояд бо масъулияти баланд барои пойдории сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳм гузорем. Барои рушди кишвар ва амнияти миллат ҳар як шахс бояд ҳиссаи худро гузорад. Аз ҳар гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо бояд садои ваҳдат, садои дӯстӣ ва садои меҳру муҳаббат ба Ватан баланд шавад. Танҳо бо якдиливу ҳамбастагӣ метавонем ба марҳилаи нави тараққиёти миллӣ ворид гардем
Маҳз ба туфайли ин ваҳдат, имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо аз як кишвари ҷангзада ба давлати амн, пешрафта ва бунёдкор табдил ёфтааст. Рушди деҳоту шаҳрҳо, сохтмони мактабу шифохонаҳо, нерӯгоҳу роҳҳо ва сатҳи зиндагии мардум шаҳодат аз он медиҳанд, ки ваҳдат барои мо ганҷи бебаҳо ва мояи ифтихор аст. Ваҳдати миллӣ танҳо хотира нест, балки он рисолат ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар барои ҳифзи субот, таҳкими арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан аст. Мо бояд ин дастоварди таърихиро чун гавҳараки чашм пос дорем ва барои рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Дар оянда низ мо ният дорем бо ҳамбастагии қавӣ ва зери сиёсати дурбинонаи давлату Ҳукумат корҳои ободониву созандагиро идома диҳем.
Ҳадафи асосии мо ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтори деҳот ва таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Бо дастгирии Пешвои миллат мо итминон дорем, ки ҳамаи ин ҳадафҳо амалӣ хоҳанд гашт.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ – ин ҷашни муқаддасу муқаддасоти миллиамон самимона табрик гуфта, ба Шумо хонадони обод, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзумандам.
Бигзор ҳамеша фазои кишвари мо орому осуда, дили мардум пур аз шодиву умед ва Ваҳдати миллӣ ҷовидона бошад!
