Чуноне маълум аст, 13-уми июли соли 2024 сел ба 15 хоҷагии мардуми деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ва МТМУ-и рақами 12-и деҳа хисороти зиёд ба амал овард. Муқим Муродзода -Раиси ноҳияи Айнӣ аз рӯзи аввал то инҷониб дар бари ҳамин мардум буд.
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди шабонарӯзӣ дар деҳаи Искодар пайваста амал мекард.
Бо ташаббуси Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода пайваста ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва гузаронида мешуд. Сокинони ноҳияи Айнӣ низ дар навбати худ якдилона барои ободонии диёр, барои сарпаноҳ пайдо кардани ҳамватанони хеш –мардуми деҳаи селзадаи Искодар- ҷаҳду талош меварзиданд. Он шабу рӯз дар ноҳияи Айнӣ Ваҳдати миллӣ ҳукмфармо буд. Ин аст натиҷаи ваҳдатомӯзонӣ, ин аст Раиси хизматгори халқ будан, ин аст Падари миллат будан. Мо ба ҷаҳониён бори дигар фаҳмонидем, ки қувваи мо, зинда будану обод кардани Ватан ин дар Ваҳдат аст.
Ва инак, ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пай дар пай натиҷа оварданд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳои зарардидаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби хонаҳои нав шуданд.
15 оилаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби хонаҳои нав гардиданд. Санаи 18 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаи Искодар калиди хонаҳои истиқоматиро супорид. Ҳар як манзили истиқоматӣ дорои долон, меҳмонхона, хонаи хоб, хонаи кӯдакон, ошхона, ҳаммом мебошад. Сокинон аз бунёди хонаҳои истиқоматӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.
Аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ раванди бартарафкунии оқибати он ва таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои нав таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, барои 15 оила сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ гардида буд. Он шабу рӯзҳо кӯмакҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока низ ба сокинон дастрас гардид. Инак, 15 оила соҳиби хонаҳои нав шуданд.
Хизматҳои Муқим Муродзодаро низ дар ин масъала наметавон нодида гирифт. Зеро, ӯ пеш аз ҳама хизматгори халқ мебошад. Ӯ дарди мардумро эҳсос менамояд ва бо эшон вориди суҳбат шуда метавонад. Таклифу пешниҳодоти халқро сари вақт ба масъулин мерасонад. Яъне, нафаре аст, ки ба ғаму шодии мардум ҳамеша шарик мебошад. Ба ӯ бояд унвони Раиси солро пешниҳод намуд.
и ещё 29
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться