22 октябр Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар деҳаи Ғабирӯди Ҷамоати деҳоти Анзоб баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузошт.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси ноҳия Муқим Муродзода иттиллоъ дода шуд, ки мактаб барои 192 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2025-2026 ба анҷом расонида хоҳад шуд. Таълимгоҳ аз 2 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Сохтмони муассисаро ҶДММ “Тоҷик элит-сохтмон” ба ӯҳда гирифта, барои бунёди муассиса аллакай аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 50 тонна семент ва аз ҷониби соҳибкор Фурқат Сайфуллоев 60 ҳазор дона хишти пӯхта кӯмак карда шуд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб, ба бинокорон ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмон ва назорати сифати маҳсулоти истифодашаванда дастурҳои мушаххас дод.
Муқим Муродзода қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат аз он ҷумла дар ноҳияи Айнӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфта, барои хонандагон тамоми шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 солҳои зиёд барои сокинони деҳаи Ғабирӯд хизмат хоҳад расонид.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия Муқим Муродзода вобаста ба рушди соҳаи маориф ва вазифаҳои оянда дар назди маорифчиён ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ андешаронӣ кард.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар ноҳия бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ бо назардошти талаботи замон идома доранд ва то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Сокинони деҳаи Ғабирӯд барои дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ талош менамояд барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.
и ещё 5
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
1