Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ НОЗИРОТИ АНДОЗ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Мақомоти андоз ва сиёсати андозбандӣ дар иқтисодиёти миллӣ нақши бевосита дошта, мақсади асосии сиёсати андозу буҷет самаранок истифода намудани захираҳои молиявии давлатӣ, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
Субҳи имрӯз, санаи 2-юми майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Рӯзи кормандони мақомоти андоз доир карда шуд, ки дар он Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода, кормандони нозирот, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту идораҳо ширкат намуданд.
Дар ҷараёни маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба сухан баромада, ҳамаи кормандонро бахшида ба Рӯзи касбиашон муборакбод карда, дар иҷрои ҳадафҳои созандандаи соҳа, муваффақиятҳои беназирро таманно намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад, ки ин рисолатро кормандони Нозироти андоз дар ноҳия бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар беҳбудии рӯзгори мардум саҳми назаррас гузошта истодаанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар тратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, бо сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста тадбир меандешад”.
Зикр гардид, ки андоз муҳимтарин унсур ва асоситарин воситаи молиявии давлат буда, фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ба он зич марбут аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо бояд баҳри таъмини иҷрои он, ки ба рушду нумӯи минбаъдаи кишварамон алоқаманд аст, заҳмат кашида, донишу таҷриба ва малакаҳоямонро сарф созем. Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки тавассути заҳмати шумо – кормандони мақомоти андоз, фаъолияти бомароми тамоми соҳаҳои давлат бо маблағ таъмин гашта, дастёбӣ ба дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар возеҳу равшантар мегардад.
Ҳамзамон Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Абдушукур Хокирозода ва дигар иштирокчиён баромад карда, ба кормандони соҳа барои пешрафт ва фаъолияти пурсамар барору муваффақият орзу намуданд.
Дар охир як қатор кормандон ва андозсупорандагони фаъол барои гузоштани саҳми арзанда ҷиҳати саривақт таъмин намудани нақшаи пешбининамудаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, кӯшишу ғайрат ва талошу заҳматҳои пайваста дар иҷрои уҳдадориҳои истеҳсолӣ ва бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти андоз” бо Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button