Хабарҳои руз

Саноатикунонӣ ҳадафи стратегии кишвар

1-уми майи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ” дидан кард.
Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.
Айни замон дар баландии зиёда аз 3500 метр аз сатҳи баҳр аз ҷониби корхона боз як фабрикаи бойгардонӣ сохта шуда истодааст. Фабрикаи нав иқтидори дар як сол истихроҷи 4 тонна маъданро доро хоҳад буд. Ҳамчунин бо ба кор шурӯъ намудани фабрикаи бойгардонӣ ҷойҳои кории зиёде ташкил мегарданд. Бояд гуфт, ки имрӯз корхонаи мазкур сафи коргаронашро аз сокинони ноҳия ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ пур карда, маоши миёна 5 – 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни мулоқот бо намояндагони ин ширкат қайд намуд, ки фаъолияти босамар дар ин самт, метавонад ба раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат таъсири мусбат расонад.
Зимни сӯҳбат бо намояндагони ширкат, кормандон Раиси ноҳия иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намуда, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи сокинонро таъмин намояд.
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button