Хабарҳои руз

Вусъати корҳои ободонӣ дар деҳоти ноҳияи Айнӣ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани корҳои ободонӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноияи Айнӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.
Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёду навсозии як қатор иншоот ба нақша гирифта шуда, натиҷаҳои назаррас ба амал омада истодаанд.
Дар ноҳия 595 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 472 -адади он бо ташкили 584 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин 80 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Сохтмони МТМУ №11 деҳаи Фатмев бо маблағгузории МИҲД-и ноҳия идома ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии “Арасту” сохта мешавад. Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо гузоштани хишти аввал ба сохтмони он идома бахшид. Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимӣ якошёна буда, аз соли 1966 инҷониб фаъолият мекунад ва дар он 410 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо сабаби ҷавобгӯ набудани муассиса ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон ба мушкилот дучор гашта буданд. Аз ҷониби МИҲД-и ноҳия дар мавзеи Дашти Мохаки деҳа муассиса барои синфҳои ибтидоӣ сохта шуда, инчунин, дар назди МТМУ-и №11 бунёди мактаби нав ба нақша гирифта шуда, тагдевории муассиса омода карда шуда буд.
Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нав то фарорасии соли нави таҳсил ба истифода дода мешавад.
Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, бунёд ва баистифодадиҳии боғчаҳои бачагона дар ноҳияи Айнӣ бо маром идома доранд. Дар ин замина дар ҳар деҳае, ки дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ мебошад, дар он бунёди кӯдакистон зарур шуморида мешавад. Дар деҳаи Зоосун низ бо ибтикори шахсони саховатпеша бинои кӯҳнаи мактаб ба муассисаи томактабӣ табдил дода, барои фарзандони худ шароити хуби таълиму тарбия муҳайё месозанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯдакистони нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад. Кӯдакистони деҳаи Зоосун то ҷашни Ваҳдат мавриди истифода қарор дода мешавад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид аз рафти таъмиру таҷдиди боғча ба мутасаддиён дастур дод, ки дар таъмир масолеҳи босифат истифода карда дар муҳлати муайянгардида корҳоро ба итмом расонанд.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

30

Leave a Reply

Back to top button