Хабарҳои руз

Даври ниҳоии Ҷоми Раиси ноҳия оид ба футболи хурд миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар Рӯзи ҷаҳонии футбол

Бо мақсади таблиғу ташвиқи тарзи ташаккули ҳайёти солим, ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол, дарёфти истеъдодҳои нави футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонон, ва бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ мусобиқаи бозии футбол миёни ҷавонони корхонаю идораҳои давлатию ҷамъиятӣ таҳти унвонӣ “Ҷоми Раиси ноҳия” оид ба футболи хурд миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда шуд.
Шоми 25-уми май Дар ноҳияи Айнӣ даври ниҳоии “Ҷоми Раиси ноҳия” оид ба футболи хурд миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо бо иштироки Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода дар майдончаи хурди варзишии деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ баргузор гардид.
Нахуст, иштирокчиён ва варзишгарон аз даромадгоҳи деҳа то майдончаи варзишӣ роҳпаймоӣ намуда, зери шиорҳои варзишӣ бо нидои “Тоҷикистон ба пеш”, “Мо пайравони Пешвои миллат”, “Тоҷикистон бо Шумост” ва амсоли ин қадам заданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни суханронии худ гуфт, иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро бо “Рӯзи ҷаҳонии футбол” муборакбод намуда, афзуд, футбол аз намудҳои оммавитарини варзиши фарогири олам буда, ҳамчун падидаи солимии аҳолӣ эътироф гардидааст. Чуноне Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид менамоянд: “Рушди футбол аз намудҳои афзалиятноки варзиш ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмину оммавияти он дар таҳкими тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Рӯзибой Раҳимзода қайд намуд, ки бо пешниҳоди Президенти Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии СММ 25-уми май расман “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон гардид.
Дар даври ниҳоӣ дастаҳои корхонаҳои саноатии ноҳия ҶДММ “Музаффар – Куҳкан” ва ҶСП “Комбинати металлургии тоҷик” қувваозмоӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки мусобиқа хеле ҷолиб ҷараён гирифта, дастаҳо байни худ рақобати хуб нишон доданд ва ғолибият насиби дастаи ҶДММ “Музаффар Куҳкан” гардид.
Дар охир, дастаҳои фаъолу бозингарони беҳтарини футбол бо ҷом, медал, мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 30

Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

66

Leave a Reply

Back to top button