Хабарҳои руз

Ҷамъбасти футбол миёни хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ як қатор нақша – чорабиниҳо тасдиқшуда, силсила мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳия доир гардида истодааст.
Шоми 24-уми майи соли 2025 бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода мусобиқаи футболи хурд миёни хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия ҷамъбаст гардид.
Ҷамъбасти мусобиқа дар деҳаи Ҳайронбеди Ҷамоати деҳоти Фондарё доир гардида, нахуст, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳпаймоӣ да роҳи Искандаркӯл баргузор карда шуд, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода низ ширкат намуд.
Мусобиқаи мазкур дар ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дар доираи моҳвораи ҷавонӣ доир гардида, хонандагони мактабҳо дар он иштироки фаъолона намуданд.
Зимни ҷамъбасти мусобиқа Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода иштирокчиёнро бо Рӯзи умумиҷаҳонии футбол табрику муборакбод намуда, футболро яке аз бозиҳои миллӣ ва ифодагари дӯстию рафоқат, ваҳдату ҳамдилӣ номида, ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуд.
Дар интиҳои мусобиқа Шоҳҷоиза насиби дастаи футболбозони МТМУ рақами 4, ҷойи дуюм насиби дастаи фқтболбозони МТМУ 2 ва ҷойи сеюм насиби футболбозони МТМУ- и рақами 37 гардид, ки Раиси ноҳия онро дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Ҳамзамон, хонандагони Муассисаҳое, ки дар мусобиқа иштироки фаъолона доштанд бо Сипосномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
и ещё 46
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

75

Leave a Reply

Back to top button