Хабарҳои руз

Мулоқоти Раиси ноҳияи Айнӣ бо зоирон

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо зоироне, ки ба зиёрати хонаи каъба ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд, мулоқот кард.
Рӯзибой Раҳимзода ҳангоми вохӯрӣ бо зоирони ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки мову Шумо вазифадорем, ки дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро диҳем. Мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Таъкид гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия аз зоирон хоҳиш ба амал овард, ки дар сафар аз тоҷик будани худ фаромӯш накарда, фарҳангу маданияти баланди тоҷикиро дар давлатҳои хориҷа нишон диҳанд. Коре кунед, ки мардуми хориҷи кишвар ба рафтору одоби тоқиконаи Шумо аҳсан гӯянд.
Рӯзибой Раҳимзода дар охир бо иқтибос аз суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мо бояд танҳо бо сухану шиору гап маҳдуд нашуда, бо амали нек ва рафтору дидгоҳи баланди худ исбот кунем, ки воқеан ҳам мардуме ҳастем, ки Ватан бо мо ободу шукуфон мегардад. Фақат завқу салиқаи холис ва талошу эътимоди фардиро дар хештан бояд равнақ диҳем, то Тоҷикистони мо аз пештара ҳам бештар рушд ёбад.
Қайд бояд кард, ки аз ноҳияи Айнӣ имсол 40 нафар ба зиёрати хонаи каъба мераванд.
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

31

Leave a Reply

Back to top button