
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ба сохтмони пойгоҳи обкашии хурд барои оби нӯшокии деҳаи Сангистон ва Дашти Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо шарикони рушд тасмим доранд 500 хоҷагии деҳоти болозикрро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Обе, ки аз назди дарёи Зарафшон кашида бароварда мешавад бо қубури полиэтилении қутраш 110 милиметра буда, дарозии он то ҳавзи болои деҳаи Сангистон 2860 метрро дар бар мегирад. Мутахассисон обро аз чоҳи амудии чуқуриаш 70 метра тавассути пойгоҳи обкашии хурди ЭЦВ, ки хеле босифат буда, қудрати бардоштани фишори 230 метрро дорад, васлу насб карда истодаанд. Ин муҳаррик қодир аст дар як шабонарӯз ба ҳавз зиёда аз 560 метри мукааб об кашонад. Аз ҷониби ҶДММ “Даврон” ҳамакнун ҳавзи обҷамъкунии ғунҷоишаш 100 метри мукааб сохта шуда истодааст. Оби нӯшокӣ пас аз ворид шудан ба ин ҳавз ба деҳаҳои мавриди назар муътадил тақсим карда мешавад.
Бояд гуфт, ки сокинони деҳаи Сангистон то ҳол аз оби нӯшокии ҷӯйбори деҳа истифода мекарданд ва зиёде аз бошандагони Дашти Сангистон низ аз ҳамин ҷӯйбор ва бархеи дигар бо оби кашида умр ба сар мебурданд. Аҳолӣ солҳои тӯлонӣ аз норасогии оби нӯшокӣ азият кашида, барои таъмин намудани хонавода бо оби нӯшокӣ аксарияти мардум дар хона барои захира ҳавзҳои ғунҷоишашон 6-10 метри мукаабӣ сохта буданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни ифтитоҳи корҳо таъкид намуд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо дар дигар деҳаҳо низ, дар рӯзҳои наздик амалӣ карда мешавад ва ин раванд аз тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза ба ҳисоб рафта аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст бояд ба қадри тинҷию оромӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ваҳдати миллӣ, шукронаи Истиқлоли давлатӣ расида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ гирифта, дар якҷоягӣ баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ инчунин баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро ба роҳ монда, ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори ватани азизу маҳбубамон аз ҷумла дар ҳудуди Ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, роҳҳо, назди хонаҳои истиқоматӣ ва ташкилоту муассисаҳо саъю кӯшиш намояд.
Дар навбати худ сокинони деҳаи Сангистон ва мавзеи Дашти Сангистон ҷиҳати дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, қайд карданд, ки дар оянда баҳри ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори деҳа саҳми худро мегузоранд.





и ещё 13
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
66