
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 17-то 23 майи соли равон дар ноҳияи Айнӣ баргузории чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, иштироки кормандон дар чорабиниҳои варзишии Дави миллӣ, Марафони велосипедронӣ, Футболи хурд миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баргузории Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия ва дигар суҳбату мулоқотҳо бо кормандони ҷавони ноҳия, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил гардонидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.
Шоми имрӯз, 22-юми майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маркази ноҳияи Айнӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ дар таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон иброз намуд, ки ба муносибати ин санаи муҳим ҳамасола дар сатҳи ноҳия тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мегарданд, ки дар доираи он ҷавонони хушзавқи диёр шавқу тараб, шодию нишот ва хушбахтиву хушнудӣ доранд ва ин ҳамаро яке аз шахсони ҷавондўсту ҷавонпарвар, дастгиру ғамхори ҷавонон, Пешвои маҳбуби миллат, Президенти азизи мардуми тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо сохтаанд.
Боиси хушнудист, ки имрўзҳо дар саросари кишвари биҳиштосоямон чорабиниҳои гуногун ба шарафи фасли гулафшони ҷавонӣ ва насли фархундаиқболи миллат пайгирона баргузор гардида, тантанаҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон идома доранд.
Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки Истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед. Ин ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунед.
Ман, бовар дорам, ки шумо ҷавонони бонангу номуси ноҳия дорои ақлу заковат, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ буда бо шуҷоату ҷавонмардии худ минбаъд низ ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор хоҳед буд.
Ҳамчунин, яке аз ҷавондухтарони фаъоли кишвар, зодаи ноҳияи Айнӣ Гулзода Шералӣ дар маъракаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баромад намуда, ҷавононро муборакбод намуд. Мавсуф зимни баромади хеш қайд кард, ки маҳз ҷавонон бояд дар навбати аввал бо дарки масъулияти баланди хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои ба вуҷуд овардани арзишҳои олии фикрӣ, ҳосили пурсамари илмиву эҷодӣ ва ҳамқадам гардидан ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонии илму маърифат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Итминони комил дорам, ки бо истифода аз ин имконот ҷавонони Тоҷикистон бо умеди дарёфти шоҳроҳи шоистаи зиндагӣ барои хеш ва фардои нек қадамҳои устувор мегузоранд.
Зимнан, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар ҷамъбасти ҳафтаи ҷавонӣ бо хушнудӣ аз иштироки фаъолонаи ҳайати ҷавонон ва муваффақиятҳои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва кормандоне, ки бо фармоиши Раиси ноҳияи Айнӣ бо Сипосномаю Ифтихорномаҳо барои фаъолияти пурсамарашон комёб гардиданд, табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу ҳаёти осоишта ва ҷавонии ҷовидона таманно намуд.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи хубу хотирмони консертӣ намоиш дода шуд.





и ещё 24
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
105