
21-уми майи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода ва сардори ШКДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳия Азизҷон Ҳусейнзода бо сокинони шаҳраки Зарафшон -1-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон мулоқот доир намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия бо ҳайати ҳамроҳон аз итмоми таъмиру таҷдиди МТМУ №6 дидан карда, ба ҶДММ корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб” изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Рӯзибой Раҳимзода нахуст, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти худ бо фаъолон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон санаи 17-уми май дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон иброз доштанд, ҷалб намуд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи неруи барқ ва саривақт пардохти маблағи он, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон ва афзун гардидани хатар амнияти тамоми кишварҳои дунёро таҳдид мекунад. Аз ин хотир мо бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, дар якҷоягӣ Ватанамонро обод ва аз ҳар гуна хатарҳо ҳифз намоем.
Рӯзибой Раҳимзода ба сокинони шаҳрак барои роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷалб намудани онҳо ба зебопарастӣ, баргузор намудани маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода, бо иқтибос аз суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он ҳидоят намуд.
Сипас, прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода оид ба супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии қувваи неруи барқ суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки дар қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткуни ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозгирӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст ва дар сурати вайрон намудани ин қонун аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.
Дар зимн, Қувватова Нуриниссо, -омӯзгори МТМУ №6 аз номи омӯзгорон ва сокинони шаҳрак ба Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созандаашон изҳори миннатдорӣ намуда, дархости сокинонро барои таъмин намудани шаҳрак бо оби тозаи нӯшокӣ бунёди майдончаҳои варзишӣ ва сохтмони чойхонаи миллӣ ба Раиси ноҳия пешниҳод намуд.
Дар охир, як қатор намояндагони корхонаҳои саноатии ноҳия барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, волидон барои тарбияи дурусти фарзандон ва хонандагон барои хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар озмунҳо бо Сипосномаю Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 26
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
43