
Имрузҳо бо гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба он зиёд мегардад. Аз дигар минтақаҳои кишвар ва давлатҳои ҳамсоя низ бо ин мақсад меҳмонон ба ҳудуди вилоят ташриф меоранд.
Албатта обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти руҳию ҷисмонии ӯ фоидаовар мебошад, лекин набояд фаромуш кард, ки оби дарё баробари фоиданок будан, сабаби фалокат низ гардиданаш мумкин аст. Ҳодисаҳои нохуши солҳои охир нишон медиҳад, ки дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро ба ғаму андуҳи якумра гузоштаанд.
Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда аз бетаҷрибагӣ ҳангоми оббозӣ кардан дар мавзеъҳои мамнуъ, надонистани қойдаҳои оддитарини оббозӣ ғарқ шудаанд.
Барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо ва ба ғаму мусибат мубтало нагардонидани пайвандон аз Шумо шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ҷойҳои муайянгардида оббозӣ намоед.
Ҳангоми оббозӣ талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об надароед. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кушиши ба обанборҳо, кӯлҳо ва каналу дарё даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кутоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтмолияти ҳалок шудан имконпазир мебошад. Агар бо аҳли оила ба соҳил равед, ҳатман ба кудакон тартиби рафторро омузонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Ҳангоми оббозӣ дар паҳлуяшон бошед ва то аз об баромаданашон онҳоро роҳбаладӣ намоед. Агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ гардидеду оббози карда наметавонед, барои наҷот додан кушиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед.
Барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ва ба ҳаёт хатарнок муроҷиат менамоем:
– дар мавзеъҳои махсуси шиноварӣ оббозӣ кунед.
– дар ҳолати сархушӣ оббозӣ накунед;
– кудаконро дар мавзеъҳои оббозӣ бе назорат нагузоред;
– дар мавзеъҳои ношинос оббозӣ накунед;
– шабона оббозӣ накунед;
– дар ҳавзҳое, ки обҳои зеризаминӣ доранд, оббозӣ накунед;
– дар матрасҳои резинӣ, камераҳои автомобилӣ ва зарфҳои пластикӣ оббозӣ кардан манъ аст;
– аз ҳудуди муайяншудаи мавзеи шиноварӣ гузаштан манъ аст;
– беҳтар аст, ки вақти саҳар ё бегоҳӣ ҳангоми паст будани таъсири нурҳои офтоб оббозӣ намоед;
– ҳангоми оббозӣ дар об машғул гардидан ба ҳар гуна бозиҳо манъ аст;
– якбора ба об ғута задан манъ аст, зеро ҳангоми хунукхурии бадан кашишхурии мушакҳо рух медиҳад, ки ба сактаи дил оварда мерасонад;
-ҳангоми оббозӣ ба дуриҳо шино накунед.
Дар ҳама ҳолатҳои фавқулода ба бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ бо рақамҳои телефонии 935663616; 989070599; 929790607 занг занед. Дар бахш навбатдории шабонарузӣ фаъол аст, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ барои кумаку имдоди мардум дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Мо дар якҷоягӣ амал намуда, пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро мегирем!
Майор Муродов Х – сардори бахш
Лейтенант Зулфонов И – афсари калони бахш

Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
7