Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти суди ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Ҷамъомадро Раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, бо зикри нақши муассиру муҳим будани мақомоти судӣ дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини адолати иҷтимоӣ таъкид кард. Ӯ афзуд, ки таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ нишонаи эҳтиром ба онҳое мебошад, ки бо масъулияти баланд ва садоқати касбӣ барои адолати судӣ ва қонуният хизмат менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ Прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода сухан гуфта, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ ёдовар шуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти судии кишвар дар самти таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдушукур Хокирозода дар суханронии худ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ заминаи мусоид барои рушди низоми судӣ фароҳам оварда, тавассути барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ имкони беҳтар шудани шароити кор ва баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа таъмин гардидааст.
Сипас, Раиси Суди ноҳияи Айнӣ Некрӯз Маруфзода суханронӣ намуда, дар бораи нақши суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти он дар баррасии одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таъмини адолати иҷтимоӣ андеша баён кард.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як зумра кормандони соҳаи суд, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тақдим гардид.
Бо истифода аз фурсат, Раиси ноҳия аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ҳамаи кормандони мақомоти суд барои меҳнати софдилона, садоқат ба касб ва саҳми арзандаашон дар таҳкими волоияти қонун изҳори сипос намуд.
Бигзор Рӯзи кормандони мақомоти суд барои ҳар яки Шумо сарчашмаи ифтихор, нерӯи тоза ва рӯҳияи масъулиятшиносӣ бошад. Ба Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои нав дар роҳи адолатхоҳӣ ва хизмат ба давлату миллат таманно дорем.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 20

Leave a Reply

Back to top button