Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи АйнӣХабарҳои руз

Қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Айнӣ

Дар арафаи Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории маркази ноҳияи Айнӣ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, омӯзгорон, хонандагон ва дӯстдорони китоб ширкат варзиданд.
Маросим бо сухани ифтитоҳии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода оғоз ёфт. Ӯ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик намуда, аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маънавиёт, китобхонӣ ва баланд бардоштани савияи маърифатии ҷомеа ёдовар шуд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ташаккули завқи мутолиа, таҳкими ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон ва рушди тафаккури эҷодӣ мусоидат мекунад. Ӯ изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сол ба сол шумораи иштирокчиёни ин озмун меафзояд ва сатҳи дониш, шавқу завқи хонандагон нисбат ба китоб ва китобхонӣ бештар мегардад.
Сипас, бо қарори комиссияи ноҳиявӣ ғолибони озмун дар бахшҳои гуногун муайян гардида, бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ аз ҷониби Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки шогирдонашон натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷараёни маросим ғолибон бо суханҳои пурмазмун аз таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ва дастгирии соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар даврҳои минбаъдаи озмун сазовори натиҷаҳои боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button