Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи АйнӣХабарҳои руз

Таҷлили 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

5-уми ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғраои маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Музаффар Носирзода, сардори Идораи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд, роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони фаъоли ноҳия ширкат варзиданд.
Маросим бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки 6 ноябри соли 1994 бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки оғози марҳалаи нави таърихӣ дар рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кишвар гардид.
Раиси ноҳия дар идомаи суханрониаш зикр кард, ки Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва сарнавиштсоз ба таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, волоияти қонун ва устувории ҷомеа замина гузошта, Тоҷикистонро ба роҳи рушди устувор раҳнамун сохтааст. Ҳамзамон, ба Конститутсия дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки барои такмили идораи давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди устувори кишвар мусоидат намуданд.
Равшан Раҳимзода инчунин аз корҳои созандагию ободкорие, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия идома доранд, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони заҳматқарини ноҳия бо меҳнати содиқона ба пешрафти минбаъдаи Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Баъдан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Музаффар Носирзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба иштирокчиён расонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия манзури ҳозирин гардид, ки бо кафкӯбиҳои гарм ва рӯҳбаландии иштирокчиён истиқбол ёфт.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 18

Leave a Reply

Back to top button