Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ семинар-машварат оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Санаи 3-юми ноябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ семинар-машварат ҷиҳати расонидани кӯмаки методӣ ва мусоидат ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028–2029 баргузор гардид.
Дар кори семинар гурӯҳи кории Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Суҳроб Қудратов, сардори Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусӣ, иштирок намуд. Ҳамроҳи ӯ Фирдавс Акбарзода, сармутахассиси Шуъбаи ҳамоҳангсозии сиёсати микроиқтисодии Раёсати дурнамосозӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати микроиқтисодии Сарраёсати таҳлили микроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ, ва Бобурҷон Мамадсаидов мутахассиси пешбари ҳамин шуъба, ба ноҳия ташриф оварданд.
Дар семинар иқтисодчиён ва намояндагони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода семинар-машваратро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ бояд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба инобат гирифта шаванд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» аз ҳуҷҷатҳои муҳими самтдиҳанда ба ҳисоб мераванд.
Қайд гардид, ки таҳияи дурнамо мутобиқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва воҳидҳои сохторӣ бояд дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №72-ф, амалӣ гардад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки якҷо бо маводҳои дурнамо, маводҳои таҳлилӣ, ки вазъи иқтисоди соҳа ва минтақаҳоро пурра инъикос намуда, нишондиҳандаҳои дурнамои пешниҳодшударо асоснок месозанд, ҳам дар шакли ҷадвал ва ҳам дар шакли матн пешниҳод гарданд.
Шуъбаву бахшҳои марбута вазифадор гардиданд, ки дар асоси маълумоти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалли худро барои соли 2027 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2028–2029 таҳия намуда, дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд.
Гурӯҳи кории Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маслиҳатҳои методӣ, тавсияҳои амалӣ ва шарҳи меъёрҳои таҳияи дурнамо пешниҳод намуд.
Дар анҷом, иқтисодчиёни ноҳияи Айнӣ ва меҳмонон аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар кори семинар ширкат варзиданд, барои ҳамкории судманд ва мубодилаи таҷриба изҳори миннатдорӣ карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
и ещё 21

Leave a Reply

Back to top button