Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Дар қисми ҳарбии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии Исрофилобод бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Айнӣ ҳамаи афсарону сарбозон ва кормандони Қӯшунҳои сарҳадиро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, таъкид намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар нақши муассир доранд.
Қайд гардид, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба як ниҳоди пуриқтидор ва боэътимоди давлатӣ табдил ёфтаанд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат сарбаландона иҷро менамоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 14
Смотреть статистику

89

2

21

Leave a Reply

Back to top button