Хабарҳои руз

Ситоди назди раиси ноҳияи Айнӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия баргузор гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар кори ситод муовини раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулини сохторҳои давлатӣ, мутасаддиёни иншооти ҷашнӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия, аз ҷумла рафти корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як роҳбару корманд, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва меҳнати софдилонаро талаб менамояд.
Зикр гардид, ки ҳар як иншооте, ки ба ифтихори ҷашни миллӣ бунёд мегардад, бояд бо риояи пурраи талаботи сохтмонӣ, сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди истифода қарор дода шавад.
Раиси ноҳия таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи тозагию озодагӣ дар ҳудуди ноҳия, махсусан дар маркази ноҳия, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, роҳҳои мошингард, мавзеъҳои сайёҳӣ ва назди иншооти хизматрасонӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки симои зебои ноҳия пеш аз ҳама аз фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муносибати масъулонаи шаҳрвандон ба муҳити зист вобаста мебошад.
Ҳамчунин оид ба насб ва навсозии шиору овезаҳои тарғиботӣ, ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо, кабудизоркунӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки бо назардошти афзоиши ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба ноҳия, беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ бояд ҳамеша дар ҳолати намунавии санитарӣ қарор дошта, кормандони соҳа бо масъулияти баланд ба муроҷиати шаҳрвандон муносибат намоянд. Аз роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ талаб карда шуд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ, тозагӣ ва фарҳанги муоширатро боз ҳам беҳтар намоянд.
Дар робита ба рушди инфрасохтори варзишиву фарҳангӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2026 дар ноҳия 8 иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ин иқдом барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Равшан Раҳимзода инчунин ба масъалаи таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва вусъат бахшидани корҳои мумфаршкунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки бо истифода аз мавсими мусоид ҳамаи нақшаҳои пешбинишуда бояд сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ гарданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи бартараф намудани оқибатҳои офати табиие, ки чанде пеш дар баъзе маҳалҳои ноҳия ба амал омада, ба аҳолӣ хисороти ҷиддӣ расонидааст, баррасӣ гардид. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки дастгирии сокинони зарардида, барқарорсозии манзилу иншооти осебдида ва инфрасохтори харобгардида бояд зери назорати доимии мақомоти дахлдор қарор дошта бошад. Ӯ изҳор дошт, ки мақомоти маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул тамоми имкониятҳоро барои ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити зиндагии шаҳрвандони зарардида сафарбар менамоянд.
Муовини раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева зимни суханронӣ иброз дошт, ки таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо як маъракаи сиёсиву фарҳангӣ, балки нишондиҳандаи сатҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як сокини ноҳия бояд дар корҳои созандагӣ, ободонии маҳал, нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.
Мавҷуда Бобоева ҳамчунин аз дастовардҳои назарраси кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардидааст ва вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳифз ва таҳкими ин дастовардҳои бузург мебошад.
Равшан Раҳимзода дар ҷараёни ҷаласа аз таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Аз ҷумла, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бояд бо меҳнати содиқона, масъулияти баланд ва ҳисси гарми ватандӯстӣ барои ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳмгузор бошад.» Инчунин, Сарвари давлат масъулиятшиносиро яке аз шартҳои асосии рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, пайваста роҳбарону кормандони тамоми соҳаҳоро ба иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ даъват менамоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа Равшан Раҳимзода бори дигар ба ҳамаи роҳбарон ва масъулин супориш дод, ки иҷрои вазифаҳои гузошташударо зери назорати қатъӣ қарор дода, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, рушди инфрасохтор ва ободонии ҳар гӯшаи ноҳия тадбирҳои муассир андешанд.
Таъкид гардид, ки танҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, фарҳанги воло ва меҳнати софдилона метавонем дар ободии диёр саҳми арзанда гузошта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшем.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button