Хабарҳои руз

Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияи Айнӣ бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуданд

Дар арафаи омад-омади таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳайати модарони ваҳдатсаро ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд. Меҳмонон дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Валиевна, фаъолон ва масъулони вилояти Суғд бо самимияти хосса истиқбол гирифта шуданд.
Дар маросими истиқбол наврасону ҷавонони ноҳия бо қироати шеърҳо, суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои фарҳангӣ фазои идонаро ҳусни тоза бахшида, меҳру муҳаббати худро нисбат ба Ватан, сулҳу ваҳдат ва арзишҳои миллӣ баён намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии онҳо таҳкими сулҳу субот, ҳифзи амнияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Қайд карда шуд, ки ҳайати модарони ваҳдатсаро аз ҳисоби занону бонувони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла шоирону нависандагон, омӯзгорон, ходимони фарҳанг ва дигар шахсиятҳои ҷамъиятӣ иборат буда, онҳо дар таҳкими сулҳу ризоияти миллӣ ва тарғиби арзишҳои ваҳдат нақши муҳим ва муассир доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва миллатсозонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба сулҳу суботи комил, амният ва ваҳдати устувор ноил гардид. Таъкид шуд, ки ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу оромӣ ва имкониятҳои фароҳамшуда барои рушду пешрафти кишвар ёдовар шуда, барои ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад, омодагии худро баён карданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 22
Смотреть статистику

43

3

4

Leave a Reply

Back to top button