Хабарҳои руз

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

31 июли соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Айнӣ Азизҷон Ҳусейнзода, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода, инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи идораи замин, Раёсати кишоварзӣ, Шуъбаи омор, Идораи бойгонӣ, филиали КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, раисон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар самти истифодаи самаранок ва мақсадноки замин, натиҷаҳои санҷишҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ин самт дар соли 2025 ва панҷ моҳи соли 2026 маърӯза намуд.
Зикр гардид, ки истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, риояи талаботи онҳо вазифаи ҳатмии ҳар як мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор ва истифодабарандаи замин мебошад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самаранок, ҳифз ва истифодаи оқилонаи онро кафолат медиҳад.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо таъкид гардид, ки санҷишҳои гузаронидашуда ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки қитъаҳои замин, риоя нагардидани талаботи қонунгузории замин, худсарона ишғол намудани қитъаҳои алоҳида ва дигар қонунвайронкуниҳоро ошкор намудаанд. Вобаста ба ин нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои дахлдори прокурорӣ ва ҳуқуқӣ андешида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳои ҳатмӣ ирсол шудаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки замин таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳар ваҷаб замин бояд бо масъулияти баланд ва мутобиқ ба таъиноташ истифода шавад. Ӯ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд: «Замин сарвати бебаҳои миллӣ буда, истифодаи самараноку оқилонаи он яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар мебошад.» Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ сари вақт ошкор гардида, истифодаи ғайримақсадноки замин пешгирӣ ва масъулияти роҳбарону мутахассисони соҳа боз ҳам баланд бардошта шавад.
Раиси ноҳия аз камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти назоратӣ ва роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дод, ки назоратро аз болои истифодаи замин пурзӯр намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои муассир андешанд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода зимни муҳокимаи масъалаҳо иброз дошт, ки таҳлили ҳолати иҷрои қонунгузорӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини волоияти қонун ва истифодаи мақсадноки замин ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти прокуратура минбаъд низ иҷрои талаботи қонунгузории заминро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, нисбат ба ҳар гуна қонунвайронкунӣ чораҳои пешбининамудаи қонунро амалӣ хоҳад кард.
Сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Айнӣ Азизҷон Ҳусейнзода таъкид намуд, ки пешгирии омилҳои коррупсионӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳое, ки метавонанд ба истифодаи ғайриқонунии замин мусоидат намоянд, аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода низ иброз дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Ҳар як муроҷиат ва ҳолати ошкоршуда мутобиқи талаботи қонун мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа таъкид гардид, ки истифодаи самаранок ва мақсадноки замин, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти ҳамкории байни мақомоти давлатӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо, тақвияти ҳамкории байни мақомоти дахлдор ва иҷрои саривақтии талаботи қонунгузорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 24
Смотреть статистику

97

2

12

Leave a Reply

Back to top button