Хабарҳои руз

Муаррифии комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маросими муаррифии комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ Урал Қиёмзода баргузор гардид.
Дар маросими муаррифӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, Комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Умедҷон Солеҳзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, инчунин дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Умедҷон Солеҳзода зимни муаррифии комиссари навтаъин иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва иҷрои вазифаҳои вобаста ба таъмини мудофиаи давлат аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар як масъул масъулияти баланд, интизоми қатъӣ ва садоқат ба давлату миллатро талаб менамояд. Ӯ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайати комиссариат расонида, таъкид кард, ки фаъолияти комиссариати ҳарбӣ бояд дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ, татбиқи босифати маъракаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон боз ҳам ҷоннок карда шавад. Ҳамзамон ӯ аз комиссари навтаъин даъват намуд, ки бо истифода аз таҷрибаи корӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ вазифаҳои хизматиро дар сатҳи баланд иҷро намояд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода Урал Қиёмзодаро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ табрик гуфта, барояш дар фаъолияти хизматӣ муваффақият, иродаи қавӣ ва садоқати ҳамешагӣ ба давлату миллат орзу намуд. Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссариати ҳарбӣ, татбиқи сиёсати давлатии мудофиа ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ҳамкории судмандро идома хоҳад дод.
Дар зимн генерал-майор Умедҷон Солеҳзода ба собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ Гулмурод Одиназода, ки ба ҳайси комиссари ҳарбии шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин шудааст, барои фаъолияти софдилона ва саҳми арзандааш дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ изҳори сипос намуда, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро тақдим кард. Аз хизматҳои содиқона ва саҳми ӯ дар иҷрои маъракаҳои даъвати ҷавонон, корҳои ташкилию сафарбарӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллӣ ёдоварӣ карда шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҳифзи истиқлолу амнияти давлат, таъмини омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Ӯ ба комиссари навтаъин тавсия дод, ки бо масъулияти баланд, ҳамоҳангии зич бо мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои дахлдор фаъолияти худро ба роҳ монда, дар иҷрои нақшаҳои даъвати ҷавонон, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии ноҳия саҳми муассир гузорад.
Дар анҷоми маросим иштирокчиён ба комиссари навтаъин Урал Қиёмзода дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ комёбиҳо орзу намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ӯ бо донишу таҷриба, ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба давлату миллат баҳри иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва татбиқи сиёсати давлатии мудофиа саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 4
Смотреть статистику

156

10

8

Leave a Reply

Back to top button