Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ таҷлил гардид

30 июли соли 2026 дар Қисми мустақили 64-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Айнӣ бахшида ба 98-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳия, ҳайати шахсии Қисми мустақили 64-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ, собиқадорони соҳа ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ иштирокчиён аз фаъолияти хизматии ҳайати шахсӣ, вазъи омодабошии ҷузъу том, техника ва таҷҳизоти махсуси сӯхторхомӯшкунӣ, инчунин сатҳи омодагии касбии кормандон шинос гардида, саҳми арзишманди Хадамоти давлатии оташнишониро дар таъмини амнияти сӯхтор, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва ҳифзи молу мулки давлатӣ ва хусусӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ табрик намуда, иброз дошт, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 30 июл ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ таҷлил мегардад.
Қайд гардид, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки соли 1928 таъсис ёфтааст, дар тӯли 98 соли фаъолият ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии сӯхторҳо, ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва молу мулки онҳо вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таҳкими амният ва суботи ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Таъкид карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии давлат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ, таъмин намудани ҷузъу томҳои он бо техника ва таҷҳизоти муосир, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон тадбирҳои муассир амалӣ гардида, барои боз ҳам самаранок гардидани фаъолияти ин ниҳод шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳия аз ҷумла прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода суханронӣ намуда, фаъолияти содиқона ва хизмати фидокоронаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро дар таъмини амнияти сӯхтор ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа шоиста арзёбӣ карда, ба ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа саломатии бардавом, иродаи қавӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти хизматӣ таманно намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони Қисми мустақили 64-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва фаъолияти намунавӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button