Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996 ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон, муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулони соҳаҳо ҳамоиш вобаста ба татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 таҳти №АП-996 баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои боз ҳам густариш бахшидани корҳои бунёдкорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аҳамияти бузург дорад.
Сипас раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода оид ба ҷараёни иҷрои корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ҳисобот пешниҳод намуда, зикр кард, ки сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созанда фаъолона саҳм мегузоранд.
Қайд гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду азнавсозии 595 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Бо дарназардошти суръати баланди корҳои сохтмонӣ ва ташаббусҳои нави соҳибкорону сокинон, боз 130 иншооти дигар ба нақша илова гардида, шумораи умумии онҳо ба 725 расонида шуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, то имрӯз иҷрои нақшаи пешбинишуда ба 115 фоиз баробар гардида, аксари иншооти ҷашнӣ аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Иншооти боқимонда низ бо суръати баланд бунёд гардида, тибқи нақша то таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ пурра ба истифода дода хоҳанд шуд.
Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки дар доираи корҳои созандагӣ дар ноҳия даҳҳо муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, иншооти коммуналӣ ва дигар биноҳои иҷтимоӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи босамари Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996, вусъати корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созанда тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия изҳор дошт, ки таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор рафта, дар ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳо барои татбиқи онҳо пайваста чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон зимни суханронӣ муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996-ро шарҳу тавзеҳ дода, аз масъулон даъват намуд, ки барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми фаъолонаи мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ барои рушди устувори ноҳияи Айнӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти минбаъдаи кишвар аҳамияти калидӣ дорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 16
Смотреть статистику

77

1

15

Leave a Reply

Back to top button