Хабарҳои руз

Ҳайати Кумитаи рушди маҳал аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва фаъолияти соҳаҳои муҳими ноҳияи Айнӣ боздид намуд

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 таҳти №АП-996 ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон бо ҳайати корӣ ба ноҳияи Айнӣ сафари хизматӣ анҷом дод.
Дар рафти боздид ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ва раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамроҳӣ намуда, аз фаъолияти як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва раванди корҳои созандагӣ дар бахшҳои гуногуни ҷомеа дидан карданд.
Зимни сафари корӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тарбияи томактабӣ, варзиш, фарҳанг, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳити ободу зебо, тарбияи ватандӯстии насли наврас ва татбиқи сиёсати давлатии созанда равона гардид.
Ҳайати Кумита бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз наздик шинос шуда, бо омӯзгорону мураббиён ва кормандони соҳа мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни боздид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон ҳайати меҳмонон аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дидан намуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот карданд. Дар вохӯриҳо масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, хизматрасонии босифат ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои беморон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идомаи боздид аз иншооти варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, майдонҳои ҷамъиятӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иншооти иҷтимоии ноҳия низ дидан ба амал оварда шуд. Зикр гардид, ки рушди чунин иншоот барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ободонии маҳал нақши муҳим дорад.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои ободониву созандагии дар ноҳияи Айнӣ анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро натиҷаи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи сокинони ноҳия арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ, сохтмон ва азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ бояд бо чунин суръат идома ёфта, ҷиҳати татбиқи саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996 тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.
Зимни мулоқот бо сокинон, кормандони муассисаҳо, омӯзгорон, табибон, мураббиён ва ҷавонон масъалаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, таъкид шуд, ки пешрафти устувори ҷомеа маҳз аз фаъолияти самараноки ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон вобастагӣ дорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button