
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни сафари корӣ ба деҳаи Марғеби Ҷамоати деҳоти Анзоб аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 боздид намуда, бо омӯзгорону кормандони муассиса суҳбат анҷом дод.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур соли 1984 бунёд гардида, айни замон дар он 20 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 113 нафар хонанда машғул мебошанд. Раиси ноҳия бо вазъи таълиму тарбия, шароити синфхонаҳо ва имкониятҳои мавҷуда шинос гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти асосии умумии №58 бинои нави замонавии дуошёна бо тамоми шароити муосири таълимӣ бунёд карда мешавад. Дар доираи ин тарҳ ҳамчунин сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ низ ба нақша гирифта шудааст, ки барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










