
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз корҳои сохтмонии корхонаи саноатии «Паҳндара Майнинг» боздид намуда, бо роҳбарон ва сохтмончиёни иншоот мулоқот анҷом дод.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи саноат яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, бунёди чунин корхонаҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот ва таҳкими иқтидори иқтисодии ноҳия аҳаммияти калон дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баландии деҳаи Марғеб боз як корхонаи бузурги саноатӣ низ бунёд гардида истодааст ва корҳои сохтмонӣ дар он идома доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, имкониятҳои рушди иқтисодии минтақа боз ҳам васеъ хоҳанд шуд.
Раиси ноҳия ба масъулони соҳаҳои саноат ва сохтмон дастур дод, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд, риояи талаботи техникӣ ва муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида, ҳамзамон ба масъалаҳои бехатарии меҳнат, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 2
Смотреть статистику
87
7










