
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз киштзорҳои картошкаи деҳаи Марғеб боздид намуда, бо фаъолияти кишоварзони деҳа аз наздик шинос гардид.
Деҳаи Марғеб яке аз баландтарин деҳаҳои ноҳияи Айнӣ буда, дар водии таърихии Яғноб ҷойгир аст. Сокинони деҳа аз шароити мусоиди иқлими кӯҳистон самаранок истифода бурда, парвариши картошкаро ба яке аз соҳаҳои муҳими фаъолияти кишоварзии худ табдил додаанд.
Кишоварзони деҳа картошкаро ҳатто дар мавзеъи «Қули Ҳавоӣ»-и ағбаи Тағоич, ки тақрибан дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, парвариш менамоянд. Иқлими салқини ин минтақа барои нашъунамои картошка хеле мувофиқ буда, ба баланд гардидани сифати маҳсулот ва кам шудани таъсири ҳашароти зараррасон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, картошкаи истеҳсолшаванда бо сифати баланд ва таъми хос фарқ мекунад.
Раиси ноҳия фаъолияти кишоварзони деҳаро намунаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиии минтақа арзёбӣ намуда, ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки барои таъмини деҳқонон бо тухмии хушсифат, техникаи муосир ва густариши таҷрибаи пешқадам тадбирҳои иловагӣ андешанд. Таъкид гардид, ки рушди картошкапарварӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ метавонад дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда гузорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 11
Смотреть статистику
81
1
8










