
Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, воқеъ дар маркази ноҳияи Айнӣ, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда буд. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамроҳ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Ғайратҷон Оқилзода аз намоишгоҳ дидан намуданд. Ҳамзамон, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз асарҳои Пешвои миллат ёдовар шуда, шеърҳои ватандӯстона дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат карданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ оғоз гардид.
Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан раҳимзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки ин санаҳои таърихӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ҷойгоҳи махсус дошта, рамзи наҷоти давлат, эҳёи давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва оғози марҳалаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Қайд гардид, ки соли 1992 барои миллати тоҷик давраи ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз ба шумор мерафт. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсӣ ва хатари парокандагии давлату миллат ояндаи Тоҷикистонро зери таҳдид қарор дода буданд. Дар чунин шароити ҳассос, аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки Иҷлосияи XVI рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи навини тоҷикон буда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи истиқлолияти кишвар заминаи муҳим гузошт. Дар он рӯзҳои тақдирсоз роҳбарӣ танҳо мансаб набуда, балки масъулияти бузург дар назди давлату миллат буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгирона роҳи душвори давлатсозӣ, сулҳ ва ваҳдати миллиро пеш гирифтанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Бо қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли 1994, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Зикр гардид, ки талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат танҳо ба хотима бахшидани ҷанг маҳдуд набуда, ҳадафи асосӣ наҷоти давлат, ҳифзи ҳастии миллат, ба ҳам овардани мардум ва барқарор намудани эътимоди ҷомеа ба ояндаи кишвар буд. Бинобар ин, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Раиси ноҳия ҳамчунин доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, иброз дошт, ки дар ин марҳала Тоҷикистон роҳи созандагиро пеш гирифта, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои саломатӣ симои мамлакатро тағйир дода, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронии худ аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки бо меҳнати содиқона, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар ободониву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи оила, мактаб ва ҷомеа қарор дошта бошад.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Ғайратҷон Оқилзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонид.
Дар паёми табрикӣ аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвар таъкид гардида, сокинони ноҳия ба ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан даъват карда шуданд.
Чорабинии идона бо таъкиди аҳаммияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият, ифтихор аз давлатдории миллӣ дар фазои тантанавӣ ва консерти идона ҷамъбаст гардид.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










