Хабарҳои руз

Чорабинии идона дар Боғчаи кӯдакона

Субҳи имрӯз дар Боғчаи бачагонаи №3-и маркази ноҳияи Айнӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ қайд намудани «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» бо иштироки кӯдакони маъюб чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ширкат намуда, кӯдакони маъюбро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» табрику муборакбод кард.
Муқим Муродзода зимни баромади худ қайд кард, ки аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи 1 июн дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳануз 67 сол муқаддам бо қарор Анҷумани Шӯрои Федерастияи байналмилааи демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 таҷлил карда шудааст. Бо назардошти аҳмияти бузурги ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ Консепсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳони меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнин меҳнати кӯдакон ва дигар асонди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ бо муқарророти онҳо мутобиқ гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқукӣ кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушахас андешида шуданд. Дар назди Ҳукумат комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Соли 2010 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолӣ барои солҳои 2010- 2020 қабул карда шудааст, ки дар он масъалаи беҳдошти саломатии модару кӯдак мақоми асосӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон марҳила ба марҳила амалӣ мегардонад. Дар ҷумҳурӣ ҳимояи ҳуқуқу ҳифзи саломатии кӯдак, ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсил, табобат ва фароғат оварда шудааст. Аз ҷумла: нисбати ниёзмандон қишри осебпазири ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон шароити арзанда муҳаё карда шудааст.
Дар ноҳияи мо низ Ташкилоти ҷамъияти “Дасгирии Маъюбони ноҳия Айнӣ” фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро Юлдоштов Хисрав Пулодович ба ӯҳда дорад.
Дар ташкилот 14 нафар корманд бо 50 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд кору фаъолияти доимӣ доранд.
Раиси ноҳия ба роҳбари ташкилоти болозикр изҳори сипос намуда, дастур дод фаъолиятро дар ин самт боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.
Дар охир, ба кӯдакон тӯҳфаҳои Раиси ноҳия тақдим гардид.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button