Хабарҳои руз

Идомаи бунёдкориҳо дар ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 595 иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтааст.
Сокинони шаҳраки Зарафшон-1 бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳрак саъю талош намуда, кӯшиш доранд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти боқимондаи ҷашнӣ, аз қабили бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ-истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасониро бунёд намуда, ба истифода диҳанд.
Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз рафти бунёдкориҳо Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода субҳи имрӯз аз иншооти ҷашнии шаҳраки Зарафшон – 1 дидан кард. Маълум гардид, ки дар шаҳрак як қатор ободониҳо ба миён омада истодаанд. Дар даромадгоҳи шаҳрак Муқим Муродзода аз маркази хизматрасонӣ боздид ба амал овард, ки онро соҳибкори маҳаллӣ Насим Сангинов бунёд карда истодааст. Дар иншоот корҳо қариб 90% иҷро гардида, он барои қабули меҳмонон, сайёҳони дохилию хориҷӣ бунёд гардидааст. Иншоот дар соҳили дарёи Зарафшон сохта шуда, боду ҳавои тоза, табиати сабз ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Марказ танҳо барои истироҳат пешбинӣ шуда, катҳои назди соҳили дарё ва гулгашти атрофи он ба сайёҳон як ҷаҳон таассуроти накӯ ато хоҳад бахшид.
Раиси ноҳия ба соҳибкор барои бунёди чунин як иншооти замонавӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани инфрасохтори марказ Муқим Муродзода ба Насим Сангинов маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Сипас Раиси ноҳия аз рафти корҳои ободкорӣ дар шаҳрак дидан карда, ба Раиси ҷамоати шаҳрак ва дигар фаъолон оид ба боз ҳам хуб ба роҳ мондани корҳои ободкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button