Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонон, сохторҳои дахлдор, аз қабили кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро дастур медиҳанд, ки ба масъалаи истифодаи неруи созандаи ҷавонон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзандаи хизматӣ аз ҳисоби ҷавонон (духтарону писарон)-и лаёқатманд, донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо бо донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Махсусан дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, қайд карданд, ки “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад”. Бо ин назардошт бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҷавонон бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаро ба пеш, ба сӯи ободиву пирӯзиҳои нав баранд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа, идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол дониста, бо боварӣ изҳор доштанд, ки “маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки як ҳуҷҷати муҳим барои дурнамои рушди ҳаёти ҳамаҷонибаи мо маҳсуб меёбад, бармеояд, ки “Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад”.
Дар воқеъ ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан, вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҷомеа ба шумор меравад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Бинобар ин, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар дар Паёмашон бо ифтихору боварӣ иброз доштанд, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”. Барои ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор шудан ҷавонони даврони соҳибистиқлолро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек ва баҳри ободиву шукуфоии кишвари азизамон, чун фарзандони баору номус ва ватандӯсту ватанпарвар минбаъд низ бо дасту дили гарм фидокорона хизмат намоянд. Зеро Ватан барои ҳар нафари кишвари соҳибихтиёрамон азизу муқаддас аст ва беҳуда нест, ки дар урфият Ватанро «як рукни имон» гуфтаанд. Дар ҳамдастӣ бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони худогоҳ бояд дар дил қарзи шаҳрвандӣ ва инчунин маданияти шаҳрдорӣ, фарҳанги миллӣ дошта бошад. Хислатҳои неки инсонӣ, чун бонангу номус будан, худшиносу худогоҳ будан, ҷавононро водор месозад, ки барои сарсабзии диёри худ ниҳоле шинонанд, табиатро ободу тоза нигоҳ дошта, дар сарсабзию зебогии он саҳм гузоранд. Кӯчаю хиёбон, ҷойи кору зиндагӣ, маҳаллаву кӯчаи худро ба тартиб оранд. Хулоса, дар ҷабҳаҳои ободонии кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ пайваста дастгирӣ менамоянд ва барои рушди ин соҳа тадбирҳои судманд меандешанд. Чунончӣ дар Паём зикр намуданд “Бо ин мақсад дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.
Масъалаи нигоҳубин ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо бояд ҳамеша дар мадди назари роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа бошад.
Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.
Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад”.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри роҳҳои беҳдошт барои кору таҳсили ҷавонон ҳастанд ва дар Паём бо эҳсоси баланд қайд карданд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”. Воқеан яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи имрӯзаи мо, рушди босуботи соҳаи маориф аст ва ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он тарбия кардану ба камол расонидани шахсияти бомаърифату соҳибихтисос ва ватандӯсту ватанпараст мебошад. Ин имкон медиҳад, ки насли имрӯзу оянда тақдири Ватану миллатро ба даст гирифта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои замона густариш дода, иқтидори иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии кишварамонро зина ба замина беҳтар гардонанд.
Ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҷавонони хушбахтарини ҷомеа мебошанд, чунки дар даврони ободиву осудагӣ, тинҷиву амонӣ умр ба сар мебарем, аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолу Ваҳдат ком ширин мекунем.
Мо, аҳли ҷомеа бояд дар назар дошта бошем, ки рӯзгори ободу осудаи имрӯза ва ояндаи неки ҳар як миллат аз сатҳи донишомӯзӣ, пешрафти соҳаи асосии ҳаёт маориф вобастагӣ дорад. Маҳаки асосии ин пешрафт дониш мебошад. Ва ҳар фарде, ки замири худро бо чароғи илму маърифат афрӯзад, дорои маънавиёти воло, донишу фарҳанг, касбу ҳунар ва муҳимтар аз ҳама, дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одоби шоиста мегардад.
Ин ба бедории ақлу ҷон мебарад, яъне дониш ҷони бедор аст, бедории ҷон аз ғизои маънавӣ сарчашма гирифта, роҳи фардои ҳар нафарро муайян месозад. Бинобар ин, муҳимтарин сирри бақои ҳасти миллати тоҷик, ин пайванди ҳамешагӣ бо қаламу китоб аст. Дар замони имрӯза насли наврас, ҷавонон бояд идомадиҳандаи суннатҳои неки аҷдодони худ бошанд, дили худро бо чароғи ақли солим илму дониш равшан созанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат дар вуҷуди шахси донишманд, соҳибфарҳанг, бомаърифат эҳсосоти худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва дарки арзишҳову муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу бум қавитар мегардад.
Ширинова Хушнуда Қаноатшоевна-омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37. Шаҳараки Зарафшон 2 ба номи Қаландар Солеҳов