Хабарҳои руз

Паём раҳнамои мост

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорони муассисаи таълимии мо бесаброна интизор буданд. Зеро ҳамаи омӯзгорон ва дар шахсияти онҳо тамоми падару модарони хонандагони муассиса сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукуматро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд ва баҳри дар амал табиқ намудани он кушиш ба харҷ медиҳанд. Ниҳоят субҳи 28 декабр мо аҳли омӯзгорони муассиса Паёми Президенти кишварро дастаҷамъона тариқи оинаи нилгун тамошо кардем. Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми ҷаҳон эътироф кардаанд, сухан карда, бори дигар мардумро ҳушдор доданд, ки ҳушёриро аз даст надода баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи Прзиденти кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро ба тариқи возеъ таҳлил намуданд. Нахуст Сарвари кишвар таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба дастовардҳое, ки дар солҳои охир Тоҷикистон ба даст овардааст равона намуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат бори дигар соҳаи афзалиятнок будани соҳаи маорифро собит сохтанд.
Мо аҳли маорифи кишварро лозим меояд,ки пас аз омӯхтани Паёми Президенти мамлакат кушиш намоем,ки дар амалӣ намудани он саҳми худро гузорем. Вобаста ба ин нақша-чорабиниҳо тартиб дода муҳтавои Паёми мазкурро ба хонандагон , ҷавонон ва умуман ҷомеа фаҳмонем.
Ва ниҳоят ба тадриҷ баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон исботи он аст, ки дар ҳақиқат таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба мактабу маориф бениҳоят зиёд мебошад. Ин амали Сарвари давлат мутахассисонро дилпур менамояд, ки фаъолияти худро баҳри дар амал татбиы намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дучанд намоянд. Имрӯз мо омӯзгорон дар симои Пешвои миллат пуштибони боэътимодро мебинем. Ин гуна таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат дилсузии падаронаи Пешвои миллат мо омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки рисолати аслӣ, таълиму тарбияи насли навраси ояндасозро содиқона адо намоем.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №15, ноҳияи Айнӣ
Мукаррамова Маҳфиза
Back to top button