
Яке аз масъалаҳои асосие, ки тайи солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ин норасоӣ ва дастрасии нопурраи сокинони бархе аз кишварҳои олам ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Яке аз кишварҳое, ки дар самти ҳалли ин мушкилот, яъне таъмини аҳолии минтақаву ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ бо ташаббусҳои башардӯстона ҷаҳду талош дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз силсилаиқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо Қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2003 – соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ва соли 2016 бо ҷонибдории 190 кишвари ҷаҳон –«Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 эълон гардиданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ чунин изҳор доштаанд: «Проблемаи марбут ба таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, кам ё беш ба тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад».
Мамлакати мо дорои захираҳои бойи об бошад ҳам, норасоии оби нӯшиданӣ ва дар ин замина ба талабот мувофиқ набудани беҳдошт, бахусус дар деҳоти ҷумҳурӣ, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад. Беш аз 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд.
Аз ин хотир, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдоштии ба талабот мувофиқ дар сархати ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати ҷумҳурӣ бештар аз сармояи хориҷӣ истифода бурда, ба ин кор ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб менамояд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои заруриро ба анҷом мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар бо ташаббуси МИҲД-и ноҳияи Айнӣ барои бо оби ошомидании тоза таъмин намудани сокинон корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардида буд. МИҲД-и ноҳия дар якҷоягӣ бо шарикони рушд нақша доранд аз масофаи 14 километр хати оби нӯшокии худҷорӣ кашида, мардумро бо оби тоза таъмин намоянд.
Хати оби нӯшокие, ки айни ҳол мардум аз он истифода менамоянд, соли 1969-и садаи ХХ кашида оварда шуда, айни ҳол бинобар сабаби куҳнаю фарсуда шудани қубурҳо ва зиёд гардидани истифодабарандагон қодир нест имрӯз талаботи аҳолии маркази ноҳия ва деҳаи Ваҳдатободро қонеъ гардонад.
Айни ҳол корҳои лоиҳакашии хати оби нӯшокӣ ва корезии маркази ноҳия ба анҷом расонида шуда истодааст, ки нимаи дуюми рӯзи 24-уми июни соли 2025 мутахассисони соҳа натиҷаи онро ба Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода пешниҳод ва муаррифӣ намуданд.
Равшан Раҳимзода ба мутахассисони ҶСК “Корезлоиҳа”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд барои дар сатҳи баланд омода намудани Лоиҳаи обу корези маркази ноҳияи Айнӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, Лоиҳаро қобили қабул ва дастгирӣ арзёбӣ кард.
Ҳамакнун, бо гирифтани хулосаи экспертизаи давлатӣ корҳои сохтмонии обу корези маркази ноҳия оғоз мегарданд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо анҷоми корҳои лоиҳакашӣ гуфт, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам омад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми захираҳо барои таъмин намудани рушди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои мунтазам ва заруриро амалӣ созад.
Мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Айнӣ дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои таҷлили сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба роҳ монда, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 595 иншооту биноҳоро сохта, ба истифода медиҳанд, ки ин иқдом барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади идома додани ин раванд роҳбарияти ноҳия якҷо бо сокинони ватандӯст ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва истифодаи васеи имконоти мавҷуда тақвият мебахшад.





и ещё 5