Дар асоси дастуру супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 1-уми июни соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2024 баён доштанд, имрӯзҳо гурӯҳҳои корие, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, № АП – 188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста гардида буданд, вобаста ба санҷиши супоришҳои дар мулоқот иброзгардида ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардиданд.
Вобаста ба ин имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти намояндагон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 31 май дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд ба ҳозирин расонид.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –муовини якуми сардори Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ардашер ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Ҳусейнзода баромад намуданд.
Масъулон, доир ба самаранок истифода кардани заминҳои корам, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, таъмини фаровонҳосилӣ, захираи маводи ғизоӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи ноҳия риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Дар охир, Раиси ноҳия Муқим Муродзода таваҷҷӯҳи фаъолон ва дигар масъулинро ба иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар боло зикршуда, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони кишвар, бо ходимони дин, бо аҳли илм ва маориф дода буданд, ҷалб намуд.