Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳия Муқим Муродзода зоироне, ки ба тавофи хонаи каъба ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд, ба ҳузур пазируфт.
Муқим Муродзода ҳангоми вохӯрӣ бо зоирони ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 9-уми марти соли ҷорӣ дар вохӯриашон бо фаъолони ҷомеа ва намояндагони дин изҳор дошта буданд, расонид.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки мову Шумо вазифадорем, ки дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таъмини риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоем. Мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Таъкид гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия аз зоирон хоҳиш ба амал овард, ки дар сафар аз тоҷик будани худ фаромӯш накарда, фарҳангу маданияти баланди тоҷикиро дар давлатҳои хориҷа нишон диҳанд. Коре кунед, ки мардуми хориҷи кишвар ба рафтору одоби тоқиконаи Шумо аҳсан гӯянд.
Қайд бояд кард, ки аз ноҳияи Айнӣ имсол зиёда аз 20 нафар ба зиёрати хонаи каъба мераванд.