17-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маросими муаррифии муовини раиси ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода қарорҳои раиси ноҳияро дар бораи аз вазифаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ озод намудани Гулсара Зокирзода ва муовини раиси ноҳияи Айнӣ таъин намудани Зебо Саидзодаро, ки бо ризогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, ба самъи фаъолони ноҳия расониданд.
Таъкид гардид, ки хизматҳои Гулсара Зокирзода барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳия назаррас буда, ӯ дар мансаби муовини раиси ноҳияи Айнӣ 9 сол фаъолияти пурсамар доштааст.
Раиси ноҳия ба Зебо Саидзода барору комёбиҳо таманно намуда, барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолони ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.