Аёдати маъюбон ва камбизоатон яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ маъюби гурӯҳи якум Киромов Искандар Ҳоҷиевич соли таваллуди 2004-умро дар деҳаи Дижики Ҷамоати деҳоти Фондарё аёдат намуд.
Раиси ноҳия зимни аёдат гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуддошта аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Таъкид гардид, ки тибқи қонунгузории амалкунанда барои маъюбон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ муқаррар гардидаанд, ки ин аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Ба аёдатшуда аз ҷониби Раиси ноҳия кӯмак карда шуд.
Аёдатшуда ва пайвандони ӯ барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ и ещё 68