
Дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои охир дар деҳаи Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарз сел омада, ба як қатор манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, хоҷагиҳои ёрирасони хусусӣ, инчунин замину боғҳои кишоварзӣ зарар ворид намуд.
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи баамаломада ва расонидани кумаки саривақтӣ ба аҳолӣ, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба деҳаи Рарз сафар намуда, аз ҷойҳои осебдида боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия бо сокинони зарардида мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуд ва ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки масъалаи таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити муқаррарии зиндагии сокинон таҳти таваҷҷуҳи доимии мақомоти давлатӣ қарор дорад. Ӯ изҳор дошт, ки барои бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ тамоми имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда сафарбар гардида, ба оилаҳои зарардида кумакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо сокинон гуфт, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор дошта, дар чунин ҳолатҳои душвор барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ тадбирҳои фаврӣ меандешад.
Ҳадафи асосии мо ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити зиндагии сокинон, бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва пешгирии хатарҳои эҳтимолии минбаъда мебошад. Мо вазъиятро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, бо ҷалби тамоми сохторҳои дахлдор барои расонидани кумак ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем, – иброз дошт раиси ноҳия.
Раиси ноҳия ба мутахассисон ва масъулин супориш дод, ки дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор ҳарчи зудтар барои расонидани кумак ба аҳолии зарардида, баҳогузории ҳаҷми зарар, тоза намудани ҳудудҳои осебдида ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ, Муассисаи давлатии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ва дигар ташкилоту идораҳои марбута ҷиҳати барқарор намудани шароити муқаррарии зиндагии сокинон, тоза намудани роҳҳо, барқарор кардани шабакаҳои оби полезӣ ва нӯшокӣ, гузаронидани корҳои безараргардонӣ ва пешгирии пайдоиши бемориҳои сироятӣ, инчунин бартараф намудани зарари ба дигар иншоот расида супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷараёни боздид раиси ноҳия инчунин аз вазъи заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои аз сел зарардида шинос шуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо сокинон барои муайян намудани ҳаҷми зарар ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии қитъаҳои кишоварзӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вазъиятро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани дастгирии зарурӣ ба шаҳрвандони зарардида тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Сокинони деҳаи Рарз аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, барои расонидани кумаки саривақтӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 29
Смотреть статистику
103
1
12









