Хабарҳои руз

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ДЕҲАИ САНГИСТОН

Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи фаъолияти иншооти муҳими хоҷагии обу кишоварзӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз пойгоҳи обкашии деҳаи Сангистон боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия бо масъулини соҳа ва кормандони пойгоҳ суҳбат намуда, аз рафти корҳои таъмиру таҷдид ва мукаммалгардонии иншооти обкашӣ шинос шуд.
Пойгоҳи обкашии Сангистон дар таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи самараноки замин нақши муҳим дошта, фаъолияти мунтазами он барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои марбут ба ҳолати техникии таҷҳизоти обкашӣ, фаъолияти мунтазами агрегатҳо, таъмиру барқарорсозии иншооти мавҷуда ва беҳтар намудани самаранокии истифодаи захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки нигоҳдории дурусти пойгоҳҳои обкашӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва сари вақт бартараф намудани камбудиҳои техникии мавҷуда аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъулини соҳа вазифадоранд, ки корҳои таъмиру таҷдидро бо сифати баланд ба анҷом расонида, фаъолияти мунтазами пойгоҳро таъмин намоянд.
Ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, назорати ҳолати техникии таҷҳизот, пешгирии талафоти об ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси ноҳия барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои таъмиру таҷдид, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи пойгоҳи обкашӣ масъулинро вазифадор намуд.
Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳ ба рушди инфрасохтори обрасонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба шумор рафта, фаъолияти мунтазами чунин иншоот барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боздиди раиси ноҳия аз пойгоҳи обкашии деҳаи Сангистон идомаи тадбирҳои назоратӣ ва созандагӣ дар самти беҳтар намудани фаъолияти иншооти хоҷагии об ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ноҳияи Айнӣ мебошад.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button