Хабарҳои руз

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАВАНДИ ТАЪМИРИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди корҳои таъмиру ободонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 боздид намуд.
Зимни боздид раиси ноҳия бо сохтмончиён ва шахсони масъул суҳбат намуда, ба сифати корҳои иҷрошаванда, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи муҳлати муайяншуда таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва беҳтар намудани муҳити таҳсил равона гардидааст.

Показать меньше
и ещё 9
Смотреть статистику

99

4

8

Leave a Reply

Back to top button