Хабарҳои руз

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба Рӯзи кормандони сохтмон Муҳтарам сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, муҳандисон ва кормандони соҳаи сохтмон!

Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август таҷлил мегардад, иди касбии намояндагони яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ — сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, муҳандисон, коргарон, кафшергарон, таҳқиқгарон ва дигар мутахассисони ин соҳа мебошад.
Бо эҳсоси самимии шодиву фараҳмандӣ Шумо — сохтмончиёни заҳматқарини ноҳияи Айнӣ ва дар симои Шумо ҳамаи кормандони соҳаи сохтмони кишварро ба муносибати иди касбиатон — Рӯзи кормандони сохтмон самимона табрик мегӯям.
Сохтмон танҳо бунёди бино ва иншоот нест. Сохтмон пеш аз ҳама созандагӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва муҳаббат ба Ватан аст. Зебою обод гардонидани ҳар як гӯшаи диёр аз ҳар як фарди бунёдкор масъулияти баланд, меҳнати содиқона, эҳсоси хештаншиносӣ ва муҳаббати самимӣ ба Ватанро тақозо менамояд.
Мардуми бунёдкору созандаи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои бузурги созандагию ободонӣ рӯ оварда, дар рушди босуръати мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ифтихори мардуми меҳнатдӯст, соҳибтамаддун ва фарҳангофари тоҷик, аз ҷумла сохтмончиёни мамлакат аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сол ба сол ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида истодааст.
Сохтмончиёнро ба таври шоиста ободгарони шароити зиндагии мардум меноманд. Дар ҳақиқат, ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва иқтисоди миллӣ бе рушди соҳаи сохтмон наметавонад ба пешрафти устувор ноил гардад. Зеро маҳз тавассути меҳнати сохтмончиён барои фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Бинобар ин, сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, аз мутахассисони он на танҳо дониш, малака ва таҷрибаи касбӣ, балки масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ, меҳнати ҳалол ва фидокории зиёдро талаб менамояд.
Боиси қаноатмандист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи сохтмони мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, миқдори корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зиёд шуда, технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар бунёди иншооти гуногун васеъ истифода мешаванд. Дар саросари кишвар иншооти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд гардида, симои шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас тағйир меёбад.
Дар ин раванд, ноҳияи Айнӣ низ ҳамчун яке аз ноҳияҳои дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ дар корҳои созандагию ободонӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Боиси ифтихор аст, ки дар доираи корҳои омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёд ва навсозии 595 иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд. Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва зарурати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву фаъолият, дар соли 2026 ба ин нақша боз 130 иншооти дигар илова гардид.
Ин нишондиҳандаҳо далели равшани он мебошанд, ки дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дошта, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда дар ин самт ба 115 фоиз расонида шудааст.
Ин ҳама дастовардҳо, пеш аз ҳама, маҳсули меҳнати содиқонаи сохтмончиён, муҳандисон, меъморон, лоиҳакашон, коргарон, устоҳо ва ҳамаи онҳое мебошанд, ки дар раванди бунёду азнавсозии иншоот саҳми худро мегузоранд.
Дар солҳои охир дар шаҳру деҳоти ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар маҳалҳо муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ, роҳу пулҳо, биноҳои маъмурию хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва навсозӣ шуда истодаанд.
Хусусан, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти хос дорад. Бунёди мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ, кӯдакистонҳо ва майдончаҳои варзишӣ на танҳо симои маҳалҳоро зебо мегардонад, балки барои рушди маънавию ҷисмонии фарзандони мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар ноҳия ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ, рушди варзиш, ободонии маркази ноҳия ва деҳоти он, бунёди роҳу иншооти муҳандисӣ ва беҳтар намудани муҳити зист таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Бунёди иншооти нав дар ноҳияи Айнӣ танҳо афзоиши шумораи биноҳо нест. Ҳар як мактаб, кӯдакистон, муассисаи тиббӣ, корхона, майдончаи варзишӣ, роҳ ва дигар иншооти сохташуда як қадами нав дар роҳи беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори ноҳия мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки сохтмончиёни ноҳияи Айнӣ дар ин корҳои бузурги созандагӣ фаъолона иштирок намуда, бо меҳнати ҳалол ва касби пуршарафи худ дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд. Биноҳои навбунёд, иншооти замонавӣ ва дигар корҳои созандагие, ки имрӯз дар ноҳия ба анҷом расонида мешаванд, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва масъулияти баланди касбии Шумо мебошанд.
Нақшаҳои бузурги созандагӣ дар назди сохтмончиён вазифаҳои нав мегузоранд. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ, сифати баланди корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат, татбиқи технологияҳои муосир, тарбияи мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сохтмон, баланд бардоштани сифати бунёди иншооти таъиноти гуногун, истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияҳои муосир, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон ва таҳкими заминаи моддию техникии ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд.
Албатта, барои пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар пеш аз ҳама сулҳу суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ зарур аст. Аз ҳар яки мо, новобаста ба мансаб, касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ, тақозо мегардад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ барои таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Муҳтарам сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон ва кормандони соҳаи сохтмон!
Бори дигар ҳамаи Шумо — намояндагони касби пуршарафи созандагӣ ва бунёдкориро ба муносибати Рӯзи кормандони сохтмон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии комил, саодати рӯзгор, хушбахтии оилавӣ, неруи тоза, рӯҳияи баланди созандагӣ, муваффақиятҳои нави касбӣ ва сарбаландиву ифтихор орзу менамоям.
Бигзор меҳнати созанда ва дастони пурэъҷози Шумо ҳамеша ба ободии ноҳияи Айнӣ, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва беҳтар гардидани зиндагии мардум хизмат намояд.
Ба хонадони ҳар як сокини ноҳия ва тамоми мардуми Тоҷикистон саломативу хушбахтӣ, файзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоӣ ва ободии ҷовидонӣ таманно дорам.
Рӯзи кормандони сохтмон муборак, сохтмончиёни азиз!
Раиси ноҳияи Айнӣ
Равшан Раҳимзода

Показать меньше
Нет описания фото.
Смотреть статистику

170

4

10

Leave a Reply

Back to top button