
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии корхонаи саноатии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонии хати нави оби нӯшокӣ идома доранд.
Дар доираи ин лоиҳа, дар марҳилаи аввал тавассути чоҳи амудӣ ба мавзеи Айнӣ-1 хати оби нӯшокӣ бунёд мегардад. Айни ҳол корҳои кофтани чоҳи амудӣ бо чуқурии 50 метр дар наздикии соҳили дарёи Зарафшон оғоз гардида, ҳамзамон корҳои сохтмонии ҳавзҳои обҷамъкунӣ идома доранд.
Дар наздикии соҳили дарёи Зарафшон ҳавзи асосӣ бо ҳаҷми 300 метри мукааб сохта шуда истодааст. Аз чоҳи амудӣ оби зеризаминӣ тавассути қубури қутраш 210 миллиметр ба ҳавзи асосӣ интиқол дода мешавад. Баъдан об аз болои дарёи Зарафшон тавассути қубури қутраш 160 миллиметр ба масофаи 2400 метр то ҳавзҳои иловагӣ интиқол дода хоҳад шуд.
Дар баландии мавзеи Айнӣ-1 ду ҳавзи обҷамъкунӣ бо ҳаҷми 500 метри мукаабӣ сохта шуда истодаанд. Дар марҳилаи аввал онҳо мавзеи Айнӣ-1-ро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд кард.
Дар марҳилаи дуюм, тибқи нақша, хати оби нӯшокӣ то маркази ноҳияи Айнӣ, деҳаи Айнӣ идома дода шуда, низоми нави тақсимоти об ба роҳ монда мешавад. Дар натиҷа, муассисаю идораҳо, корхонаҳои маркази ноҳия, мавзеи Айнӣ-1 ва аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ бо мутахассисон суҳбат намуда, ҷиҳати истифодаи масолеҳи босифат ва технологияҳои муосир дар сохтмони хати нави оби нӯшокӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Зимни боздид таъкид гардид, ки барои таъмини устувори аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва истифодаи самараноки он бояд низоми муосири обтаъминкунӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, ба корхонаи коммуналӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаи обтаъминкунӣ зарур аст, ки фаъолияти низоми мазкурро бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда, барои истифодаи сарфакоронаи захираҳои об тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа тибқи нақша то охири моҳи августи соли равон ба анҷом расонида мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 14
Смотреть статистику
23
1
4










