
10 августи соли 2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода баргузор гардид.
Қабул бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаи мустақим бо мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон доир карда шуд.
Дар рафти қабул сокинон бо масъалаҳои муроҷиат намуданд.
Раиси ноҳия муроҷиатҳои шаҳрвандонро бодиққат шунида, ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати омӯзиш ва ҳалли саривақтии масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд дар доираи қонунгузорӣ ва бо риояи принсипҳои адолату шаффофият баррасӣ карда шаванд.
Қабули мунтазами шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, барои таҳкими эътимоди мардум ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ










