Хабарҳои руз

РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА БУНЁДИ МАҶМААИ ФАРҲАНГӢ ДАР ДЕҲАИ ШӮРМАШК

Дар ноҳияи Айнӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми фаъолонаи сокинон дар тамоми ҷамоатҳои деҳот сохтмон, таъмиру таҷдид ва ободонии як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ вусъат гирифтааст.
Дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ дар ноҳияи Айнӣ сохтмону навсозии садҳо иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз 595 адад иншооти ҷашнӣ ва 130 адад иншооти иловашуда дар соли 2026 иҷрои корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, то имрӯз нишондиҳандаи иҷрои нақша 120 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи хос ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва азми сокинону соҳибкорон дар самти ободонии ноҳия шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамин замина, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди бинои клуб ва корҳои сохтмонии маҷмааи фарҳангии деҳа шинос гардид.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бинои клуби деҳа пурра таъмиру таҷдид гардида, дар заминаи он маҷмааи фарҳангии муосир бунёд карда мешавад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди ҳаёти фарҳангӣ, маърифатӣ ва иҷтимоии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, амалӣ шуда истодааст.
Тибқи нақша, дар ошёнаи якуми бино китобхона, толори китобхонӣ, толори маҷлисӣ ва дигар утоқҳои фарҳангиву маърифатӣ ташкил карда мешаванд. Таъсиси чунин шароит барои дастрасии сокинон ба китобу адабиёт, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва рушди завқи фарҳангии насли наврас заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар ошёнаи дуюм бошад, барои баргузории чорабиниҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити зарурӣ муҳайё гардида, хонаи мӯйсафедон, чойхона ва ҷойи махсус барои бозиҳои рӯимизии наврасону ҷавонон бунёд карда мешаванд. Бо анҷоми корҳои сохтмонӣ бино аз як клуби одии деҳот ба як маҷмааи фарҳангии замонавӣ табдил ёфта, метавонад ба маркази ҷамъиятӣ ва фарҳангии маҳал мубаддал гардад.
Ҳамзамон, дар атрофи маҷмаа корҳои ободонӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Дар назди бино бунёди боғи фарҳангӣ, гулгашт ва майдончаҳои истироҳатӣ пешбинӣ гардидааст. Бо иҷрои ин корҳо муҳити зебо, сабзу хуррам ва барои истироҳату фароғати сокинон мувофиқ фароҳам оварда мешавад. Бунёди чунин мавзеъҳои фарҳангиву фароғатӣ, пеш аз ҳама, барои ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда, ташкили дурусти вақти холӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм ва таъмири пурраи ошёнаи якуми бино ба масъулини соҳаи сохтмону меъморӣ ва дигар мутасаддиён ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи босифати масолеҳи сохтмонӣ, риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ ва ба инобат гирифтани тамоми ҷузъиёти лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд, дар муҳлатҳои муайяншуда ва мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон, ба масъулин супориш дода шуд, ки ба корҳои кабудизоркунӣ, бунёди гулгашт, ниҳолшинонӣ, ободонии атрофи маҷмаа ва муҳайё намудани шароити мусоид барои истироҳату фароғати аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки иншооти бунёдшаванда бояд пеш аз ҳама ба талаботи сокинон ҷавобгӯ буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан самаранок истифода шавад. Аз ин рӯ, ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ бояд ба сифати инфрасохтор, таъминоти иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button