
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бо маром идома дошта, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми фаъолонаи сокинон дар деҳоти ноҳия як қатор иншооти иҷтимоӣ мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта истодаанд.
Дар ҳамин замина, дар деҳаи Пинёни Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ корҳои таъмиру таҷдиди клуби деҳа оғоз гардида, иншооти мазкур пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бо симои нав ва шароити муосир ба истифода дода хоҳад шуд.
Корҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар якҷоягӣ бо дастгирии сокинони деҳа роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он беҳтар намудани шароити фарҳангӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатии сокинон мебошад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз деҳаи Пинён бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди клуби деҳа шинос шуда, бо масъулин ва сокинони маҳал суҳбат анҷом дод.
Зимни боздид таъкид гардид, ки клуби деҳа ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятии маҳал бояд баъди таъмиру таҷдид ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, барои сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, шароити муносиб фароҳам оварад.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таъмирӣ ба масъулини соҳаи сохтмон ва дигар мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки корҳои таъмиру таҷдид бояд бо сифати баланд ва риояи талаботи меъморию сохтмонӣ анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои дохилию берунӣ, ободонии гирду атрофи бино ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи клуб супоришҳои дахлдор дода шуд.
Таъкид гардид, ки иншооти фарҳангӣ бояд на танҳо барои баргузории чорабиниҳои гуногун, балки ҳамчун макони муносиб барои ташкили фароғати аҳолӣ, рушди истеъдоди ҷавонон, гузаронидани маҳфилҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ ва тақвияти ҳаёти ҷамъиятии деҳа хизмат намояд.
Сокинони деҳаи Пинён аз иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таъмиру таҷдиди клуби деҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии корҳои созандагиву ободонӣ баён карданд.
Онҳо таъкид намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити муносиб дар клуб имкониятҳои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои ҷавонон, вохӯриҳои ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим дар деҳа бештар гардида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии сокинон, махсусан насли ҷавон, заминаи мусоид фароҳам хоҳад омад.
Бояд гуфт, ки таъмиру таҷдиди иншооти иҷтимоӣ дар деҳоти ноҳияи Айнӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Иқдоми мазкур дар деҳаи Пинён низ аз ҷумлаи корҳои муҳими ободониест, ки бо ҳамкории мақомоти давлатӣ ва сокинони маҳал амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои ҳаёти иҷтимоии сокинон равона шудааст.
Бо анҷоми корҳои таъмиру таҷдид клуби деҳа симои нав касб намуда, ҳамчун маркази фарҳангиву ҷамъиятии маҳал дар хизмати сокинон қарор хоҳад гирифт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3
Смотреть статистику
29
1
1










