Хабарҳои руз

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ РАВШАН РАҲИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Кормандони муҳтарам ва арҷманди соҳаи тандурустӣ!
Табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва ёрирасони тиб, собиқадорони соҳа!
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 18-уми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи Шумо — табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва ёрирасони тиб, собиқадорони соҳа ва дар симои Шумо тамоми аҳли соҳаи тандурустии ноҳияи Айниро ба муносибати иди касбиатон самимона табрик ва муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, файзу баракат, хушбахтии оилавӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафи касбӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Имсол ин иди касбӣ дар даврае таҷлил мегардад, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ба яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихи давлатдории навини худ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Истиқлол ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, бунёди иншооти нави соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ заминаи устувор гузошт.
Тандурустӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ҳифзи саломатии мардум, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти табибон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ноҳияи Айнӣ низ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати созанда ва иҷтимоии давлат корҳои бунёдкориву ободонӣ дар соҳаи тандурустӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Аз ҷумла, Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, ки солҳои тӯлонӣ ба таъмири асосӣ ниёз дошт, имрӯз ба раванди таъмиру таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудааст. Дар доираи корҳои навсозӣ бино ва шуъбаҳои он мутобиқ ба талаботи муосир таҷдид гардида, масъалаҳои беҳтар намудани инфрасохтор, таъмини шароити муносиб барои беморон ва кормандони тиб, инчунин ҷиҳозонидани муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд.
Яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди инфрасохтори тандурустии ноҳия бунёд ва ба истифода додани беморхонаи минтақавии деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб мебошад. Ин муассисаи нави тиббӣ барои сокинони Такфон ва маҳаллаҳои атроф имконият фароҳам овардааст, ки дар наздикии маҳалли зисти худ аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода баранд. Беморхона бо 20 кати табобатӣ сохта шуда, дорои шароити муосир барои ташхису табобати беморон мебошад ва бо оғози фаъолияти он ҷойҳои нави корӣ низ таъсис ёфтанд.
Ин тадбирҳо дар маҷмӯъ шаҳодати онанд, ки дар ноҳияи Айнӣ дар баробари рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ ва дастрасии сокинони тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба хизматрасонии тиббии босифат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Айнӣ аз маркази ноҳия то ҷамоатҳои дурдасти кӯҳистон табибону ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва ёрирасони тиб бо масъулияти баланд ба мардум хизмат мерасонанд. Муассисаҳои тандурустии ноҳия, аз ҷумла шифохонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, ҳамчун пайванди муҳими низоми ҳифзи саломатии аҳолӣ дар иҷрои вазифаи пуршарафи худ саҳми арзанда мегузоранд. Хушбахтона имрӯз дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 8 шифохона, 22 маркази саломатӣ ва 32 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, 833 нафар кормандони соҳаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Касби табибӣ аз инсон дониши амиқ, малакаи баланди касбӣ, масъулияти бузург ва пеш аз ҳама, меҳру муҳаббат ба инсонро талаб менамояд. Табиб дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёти инсон дар паҳлуи ӯ қарор мегирад, ба бемор умед мебахшад ва бо донишу таҷрибаи худ барои бозгардонидани саломатӣ ва зиндагии осудаи ӯ талош менамояд. Аз ин рӯ, заҳмату фаъолияти табибон ва кормандони соҳаи тиб ҳамеша сазовори эҳтироми самимии ҷомеа мебошад.
Таҷлили Рӯзи кормандони тиб бо номи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, донишманди бузург ва алломаи Машриқзамин — Абӯалӣ ибни Сино робитаи қавӣ дорад. Ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигар донишмандони бузурги тоҷик бо осори илмии худ дар ташаккул ва рушди илми тиб саҳми бузург гузошта, дар таърихи тамаддуни башарӣ номи миллати тоҷикро бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд.
Боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст, ки мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино имрӯз низ дар саросари ҷаҳон арзиш ва аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Соли равон ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси илмии ин фарзанди бузурги миллат ва муаррифии дастовардҳои илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдоми муҳим ба шумор меравад.
Ин иқдом ҳамзамон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимону донишмандон ва мутахассисони соҳаи тиб, рушди илми тиб ва баланд бардоштани нуфузи дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Кормандони муҳтарам ва арҷманди соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ба рушди соҳаи тандурустӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти табибон ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард.
Дар ин раванд, идомаи корҳои созандагӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ, бунёди иншооти нави соҳа, таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити муносиб барои табобату нигоҳубини беморон аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба шумор меравад.
Мо итминон дорем, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ бо истифода аз дониш, таҷриба, малака ва неруи созандаи худ барои ҳифзи саломатии сокинони ноҳия, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Хусусан, дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як дастоварди соҳаи тандурустӣ, ҳар як муассисаи навбунёд, ҳар як шуъбаи таҷдидшуда ва ҳар як қадами устувор дар роҳи беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои солимии ҷомеа ва рушди минбаъдаи ноҳияи Айнӣ аҳамияти бузург дорад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, бори дигар ҳамаи табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва ёрирасони тиб, собиқадорони соҳа ва тамоми кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айниро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик менамоям.
Ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат, неруи тоза, саодати рӯзгор, бахту иқболи нек, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурмасъулияту пуршарафи касбӣ дастовардҳои назаррас орзу менамоям.
Бигзор заҳмати софдилонаи Шумо ҳамеша самараи нек диҳад, меҳру муҳаббат ва эътимоди мардум ба табибон боз ҳам бештар гардад ва ҳамаи иқдомҳои созанда дар роҳи ҳифзи саломатии сокинони ноҳияи Айнӣ пайваста идома ёбанд.
Иди касбӣ муборак, табибони ҳозиқ, кормандони арҷманди соҳаи тиб ва собиқадорони гиромии соҳа!
Нет описания фото.
Смотреть статистику

197

14

14

Leave a Reply

Back to top button