
Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Дар машварат раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдураҳим Қурбониён, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, собиқадорони соҳа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, омӯзгорони фаъол, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Пеш аз оғози кори машварат раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия, ки дар толори хурди Қасри фарҳанг ба маъраз гузошта шуда буд, боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид раиси ноҳия ба дастгирии истеҳсоли ватанӣ ва таъмини хонандагон бо либоси босифати мактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз раванди баргузории ярмаркаҳои фурӯши либоси мактабӣ, сифати матоъ ва маҳсулоти пешниҳодшуда дидан кард. Равшан Раҳимзода аз масъулин оид ба сифати маҳсулот, нарх ва мутобиқати либосҳо ба талаботи муқарраргардида пурсон шуда, таъкид намуд, ки ҳангоми интихоби либоси мактабӣ пеш аз ҳама ба сифати матоъ, бароҳатӣ, устуворӣ ва дастрас будани нархи он бояд аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи раиси ноҳия ба фаъолияти барномасозони ҷавон, ки дар синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил мекунанд, ҷалб гардид. Ҷавонон барномаҳои таҳиянамудаи худро муаррифӣ намуда, имконият ва самти истифодаи амалии онҳоро нишон доданд. Зикр гардид, ки рушди малакаҳои барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва омодасозии хонандагон ба касбу ихтисосҳои муосир яке аз самтҳои муҳими рушди маориф ба ҳисоб меравад.
Раиси ноҳия ба барномасозони ҷавон муваффақият орзу намуда, иброз дошт, ки барои дастгирии онҳо дар марҳилаи ибтидоӣ имкони расонидани кумаки молиявӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Таъкид шуд, ки барномаҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бояд дорои аҳаммияти амалӣ, сазовори дастгирӣ ва барои ҷомеа судманд бошанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба рӯзномаи машварат як масъалаи асосӣ — «Фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии соҳаи маориф» ворид карда шуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Абдусалом Раҷабзода оид ба фаъолияти яксолаи шуъба ҳисобот пешниҳод намуда, натиҷаҳои бадастомада, корҳои анҷомдодашуда, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа мавриди таҳлил қарор дод.
Дар идомаи машварат як қатор омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф баромад намуда, аз таҷрибаи корӣ, дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии хонандагон ба олимпиадаву озмунҳо ибрози назар намуданд.
Сипас, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳияро таҳлил намуда, аз дастовардҳо ва пешравиҳои соҳаи маориф ёдовар шуд. Ҳамзамон, ба як қатор масъалаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба масъулини соҳа ва омӯзгорон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани насли донишманду соҳибмаърифат таваҷҷуҳи доимӣ ва махсус зоҳир менамоянд.
Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамқадам буда, рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ медонад. Ба гуфтаи ӯ, барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таҳсил ва дастгирии омӯзгорону хонандагон тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ карда мешаванд.
Аз ин рӯ, масъулини мақомоти идоракунии соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон вазифадор гардиданд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати кишвар фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи усулҳои муосири таълим ва тарбияи насли дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, рушди қобилияти зеҳнии хонандагон ва таҳкими мақому манзалати омӯзгор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин оид ба рушди минбаъдаи соҳаи маорифи ноҳия, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда андешаҳояшро баён намуда, масъулинро барои иҷрои босифати вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда роҳнамоӣ кард.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва рақобатпазир аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Машварати имсола дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аҳаммияти хосса дошт. Зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд ва таҷдид гардида, имкониятҳои таҳсил ва дастрасии насли наврасу ҷавон ба дониш пайваста беҳтар карда шудаанд.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдураҳим Қурбониён низ суханронӣ намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи ноҳия баҳои мусбат дода, оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, баланд бардоштани сифати таълим, омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил, рушди маҳорати касбии омӯзгорон ва иҷрои вазифаҳои минбаъда андешаву тавсияҳои худро баён намуд.
Дар фарҷоми машварат қарори маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия қабул гардид. Ба масъулини шуъбаи маориф супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори мазкурро тариқи хаттӣ ва электронӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас намоянд.
Дар идомаи машварат омӯзгорон ва кормандони фаъоли соҳа, ки дар рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорнома, Сипоснома, Дипломҳо ва мукофоти пулии раиси ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ даҳгонаи беҳтарини озмуни «Мактаби сол» дар ноҳия муайян гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ғолиби озмун эълон шуд. Ба муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 50 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, якчанд омӯзгороне, ки ба синни ниҳоии фаъолияти корӣ расидаанд дар фазои мутантан ба нафақа гуселонида шуданд.
Дар анҷом таъкид карда шуд, ки кормандони соҳаи маориф бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, масъулияти баланди касбӣ ва ҳисси ватандӯстӣ фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда боз ҳам тақвият бахшида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани насли ояндасози кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 43
Смотреть статистику
129
3
24










