Хабарҳои руз

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ «МАКТАБИ СОЛ–2026» ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, муайян намудани муассисаҳои таълимии намунавӣ ва дастгирии муассисаҳои дорои дастовардҳои назаррас озмуни ноҳиявии «Мактаби сол–2026» баргузор гардид
Озмуни мазкур тибқи Низомномаи баргузории озмуни ноҳиявии «Мактаби сол–2026», ки бо қарори Раиси ноҳияи Айнӣ тасдиқ гардидааст, гузаронида шуда, дар он муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии ноҳия иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии озмун таҳлил ва такмили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, дарёфт ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани роҳу усулҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дастгирии ташаббусҳои муассисаҳо, рушди муҳити солими рақобат ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ буд.
Дар ҷараёни озмун фаъолияти муассисаҳои таълимӣ аз рӯи маҷмӯи нишондиҳандаҳо ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ташкили фазои мусоиди таълиму тарбия, сатҳу сифати ҳуҷҷатгузории маъмурият, натиҷаҳои таълим, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногун, дастовардҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», инчунин натиҷаҳои иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ ба инобат гирифта шуданд.
Ҳамзамон, натиҷаҳои дохилшавии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ, дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки хонандагон дар озмунҳои стипендиявӣ, дастовардҳои варзишӣ, фаъолияти омӯзгорон дар озмунҳои касбӣ, сатҳи тахассусии кадрҳои омӯзгорӣ ва фаъолияти илмию методии омӯзгорон низ дар баҳогузорӣ мавқеи муҳим доштанд.
Дар баробари ин, фаъолияти шӯроҳои педагогӣ ва методии муассисаҳо, фаъолияти роҳбарони синф, китобхонаҳо, фарогирии хонандагону омӯзгорон ба китобхона, баргузории корҳои беруназсинфӣ, ташкили машғулиятҳои иловагӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва аттестатсия, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти таълимӣ, таваҷҷуҳ ба саломатӣ ва бехатарии хонандагону омӯзгорон, фаъолияти хоҷагидорӣ ва омодагӣ ба зимистон низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Яке аз самтҳои муҳими озмун ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ба ҳисоб рафта, фаъолияти муассисаҳо дар самти таҳкими робитаи падару модар ва муассисаи таълимӣ, аз ҷумла дар доираи эълон гардидани соли таҳсили 2025–2026 ҳамчун «Соли таҳкими ҳамкории падару модарон ва муассисаи таълимӣ», ба таври алоҳида арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, рафти амалишавии стратегияҳо, қонунҳо ва барномаҳои давлатии соҳаи маориф, ташкили ҷузвдонҳои дахлдор ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, корҳои ободонӣ, ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба таъмиру ободонии муассисаҳо, ташкили Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак, фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот ва сатҳи ороиши роҳравҳо, толорҳо ва синфхонаҳо низ ба назар гирифта шуданд.
Комиссияи тадорукотӣ ва ҳайати ҳакамон натиҷаи фаъолияти муассисаҳои иштирокчиро дар асоси меъёрҳои муайянгардида омӯхта, бо истифода аз низоми даҳхола ба онҳо баҳои дахлдор доданд. Натиҷаҳои санҷиш ва баҳогузорӣ дар асоси протоколи комиссия ҷамъбаст карда шуданд.
Озмун дар рӯзи баргузории Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия ҷамъбаст гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ даҳ муассисаи беҳтарини озмуни «Мактаби сол–2026» муайян гардида, барои ҳар кадоми онҳо мукофоти пулӣ ба маблағи 5 000 сомонӣ пешбинӣ ва тақдим карда шуд.
Дар натиҷаи баҳогузории ниҳоӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ҳамчун ғолиби озмуни ноҳиявии «Мактаби сол–2026» эълон гардид. Ба муассисаи мазкур барои дастовардҳои назаррас ва фаъолияти намунавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 50 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Зимни ҷамъбасти озмун, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ҷомеаи падару модарон, рушди рақобати солим миёни муассисаҳо ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, «Мактаби сол» бояд на танҳо воситаи муайян намудани муассисаи беҳтарин, балки майдони муаррифии таҷрибаи пешқадам, ташаббусҳои созанда ва натиҷаҳои назарраси муассисаҳои таълимӣ бошад.
Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ бояд пеш аз ҳама ба баланд гардидани сифати таълим, беҳтар шудани муҳити тарбиявӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон, боло рафтани сатҳи касбии омӯзгорон ва таҳкими ҳамкории муассиса бо падару модарон мусоидат намоянд. Ҳамзамон, зарур аст, ки муассисаҳои таълимӣ аз натиҷаҳои бадастомада хулосаҳои дахлдор бароварда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои фаъолият тадбирҳои мушаххас андешанд.
Баргузории озмуни ноҳиявии «Мактаби сол–2026» дар ноҳияи Айнӣ бори дигар нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба сифати таълиму тарбия, истифодаи технологияҳои муосир, рушди маҳорати касбии омӯзгорон, иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаву озмунҳо, беҳсозии шароити таълим ва таҳкими ҳамкории муассиса бо падару модарон метавонад барои рушди устувори соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ғолибият ва қадрдонии муассисаҳои беҳтарин дар баробари ҳавасмандгардонии коллективҳои омӯзгорӣ, барои дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ имконияти хуби омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи усулҳои самараноки фаъолиятро фароҳам месозад.
Ҳамин тариқ, ҷамъбасти озмуни ноҳиявии «Мактаби сол–2026» қадами муҳим дар самти муайян ва дастгирӣ намудани муассисаҳои намунавӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбия, таҳкими рақобати солим ва рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Айнӣ арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 8
Смотреть статистику

93

2

17

Leave a Reply

Back to top button